«КУЛЛИЁТ»-И ҲОҶӢ ҲУССАЙНИ КАНГУРТӢ БА ЧОП РАСИД! 6 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии ин китоби тозанашр баргузор мегардад

Сентябрь 2, 2019 08:50

ДУШАНБЕ, 02.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  маросими рӯнамоии «КУЛЛИЁТ»-и  шоир, хаттот, сайёҳ ва орифи бузург Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ баргузор мегардад. Мавриди зикр аст, ки Нашриёти «Адиб» дар партави дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал «Куллиёт»-и мутафаккири шинохта Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро  бо сифати  баланд ва теъдоди 5000 нусха  нашр  намуд.

Дар ин робита директори Муассисаи нашриявии «Адиб», шоир ва публисист Давлат САФАР ба АМИТ «Ховар» чунин изҳор намуд:

 —   Ҳоҷиё, некӯтарини мардумон донӣ, ки кист?
Он ки айби хеш диду аз касон нодида рафт.

Ин мисраъҳои баландмазмун  аз осори гаронмояи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ мебошанд, ки  «Куллиёт»-и шоир аз чунин гуфтаҳои пурҳикмат саршор аст.

Бояд гуфт, ки  «Куллиёт»-и шоир аз дигар асарҳояш, ки дар давраҳои гуногун рӯи чоп омадаанд, ба куллӣ фарқ мекунад. Нахустин муҳаққиқу омодакунандаи осори шоир Сайидумар Султонов дастхатҳои Ҳоҷӣ Ҳусайнро дастрас намуд. Ғазалу рубоиҳои чопнашудаи шоир аз ин миён пайдо  гардиданд.

Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ (1868 — 1917) яке аз суханварони орифу фарзона ва нозукбаён мебошад, ки дар таърихи адабиёти тоҷик шарафёби мақом ва манзалати хос гардидааст. Осори рангину арзишмандаш имрӯз ҳам мазраи дилҳоро шодоб мегардонад. Аз мутолиаи он бармеояд, ки Ҳоҷӣ дар замони худ аз ҷониби амалдорон ва ҳасудонаш сахтиҳо ва ранҷҳои зиёд кашидааст.
Ҳоҷӣ Ҳусайн ба ғайр аз омӯхтани илмҳои замони худ ба лаввоҳӣ, тарроҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ ва хусусан, дар санъати муҳрканӣ маҳорати зиёде дошт. Ҳамчунин дар санъати хаттотӣ ва хушнависӣ маълуму машҳур гашта буд.

Аз Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ ба мо 254 ғазал, 19 мухаммас, як мусаддас иборат аз 28 банд, 97 рубоӣ, 13 таърихи манзум бахшида ба сохтмону иморатҳои гуногун — ҳаммом, мадраса, қалъаҳо дар Кангурт, Қаротегин, Ҳисор ва ҳоказо, 9 мактуби мансур ба шахсони гуногун ва муҳибони худ, манзумаҳои «Василат — ун — наҷот», «Дабистони ибрат», «Таърихи ҷуда», рисолаи таърихии «Мунтахаб — ул — ахбор фи табақот — ус — салотин» ва маснавии «Комде ва Мадан» омада расидаанд. Илова ба ин, боз як мероси адабии пурқимати Ҳоҷӣ- ин рисолаи «Хутути ашколи исломия» мебошад, ки дар бораи намудҳои гуногуни хат ва хушнависӣ аст.

Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ бо ақидаҳои озодипарастиаш мардумро аз нодонӣ, торикӣ ва ҷоҳилӣ ба сӯи рӯшноӣ, маърифат ва некномию хештаншиносӣ ҳидоят мекард:

Чӣ замонест, ки халқе, ки дар ин бозоранд,

Ҳама берун шуда дар бодияи нодонӣ.

Ва ё:

Бе сиёсат нест, Ҳоҷӣ, кори оламро низом,

Фитнаро бошад қарор аз ваҳшати арбоби теғ.

Шоир бар он ақида буд, ки хештаншиносӣ бе дониш ҳаргиз даст нахоҳад дод:

Бо аҳли ҳунар нишину шахси доно,

Гар заҳр диҳад, бихӯр чу шаҳду ҳалво.

В — аз суҳбати ноаҳлу касони ҷоҳил,

Пайванд агар бувад, табарро бинмо.

Яке аз асарҳои ӯ, ки дар эҷодиёташ мавқеи арзанда ва намоён дорад, манзумаи «Комде ва Мадан» дар пайравии асари ҳамноми Мирзо Абдулқодири Бедил мебошад.

Мавриди ёдоварист, ки шоир баъди итмоми таҳсили мадраса ба Арабистон бо мақсади ба ҷо овардани маносики ҳаҷ сафар карда, се сол дар он ҷо умр ба сар бурдааст. Баъдан ӯ ба Фарангистон, Эрон, Ҳиндустон сафар намуда, илму адабиёти халқҳои гуногунро меомӯзад.

«Куллиёт» — и ӯ соли 1913 дар Тошканд ба табъ расидааст. Эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ҳанӯз солҳои 60 — уми асри гузашта мавриди таваҷҷуҳи донишманд ва муҳаққиқи шинохта Сайидумар Султонов қарор гирифта буд. Мавсуф нусхаҳои беҳтарин ва саҳеҳтарини дастхатҳои шоирро ҷамъ оварда, мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дод. Дар натиҷа ӯ соли 1962 осори гаронбаҳои ӯро, ки аз ғазал, мухаммас, марсия, рубоиҳо, инчунин манзумаи «Комде ва Мадан» иборат буданд, мураттаб сохт.
Соли 1998 нашриёти «Ирфон» «Куллиёт» — и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро бо ду хат: кириллӣ ва арабӣ ба табъ расонд.

Дар нашри нави «Куллиёт»-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ аз нусхаҳои аслии дастнавис истифода ва ғазалу рубоиҳои то ба имрӯз ба чоп нарасидаи ӯ ҷой дода шудаанд.

Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ солҳои охири умраш дар мадрасаи Кангурт ба шогирдон дарс мегуфт. Фишору тазйиқи тангназарони замон ӯро дилшикастаю маъюс мекарданд. Ҳама ин беэътиноию бадбиниҳо, нодидагирию бадгумониҳо ба ҷисму рӯҳи шоир бетаъсир намонд:

Ба ҳайратам, ки чӣ созам ба ин фиғон, Ҳоҷӣ,

Нафас чу най зи гулӯям ба дӯши нола гузашт.

Имрӯз, ки барои нашри осори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи эҷодаш имкон фароҳам омадааст, дигар он най нолаи ҷонсӯз намебарорад, балки бо навои рӯҳбахшу дилнавозаш аз банди «асорат» раҳо гардида, дилу ҷонҳоро бо камоли ҳикматомез тавони тоза мебахшад.

Мафтуни ашъори пурҳикмату ишқии ин орифи шоир ва низ шоири ориф овозхонҳои маъруф Одинаи Ҳошим ва Ҳабибуллоҳи Бек (равонашон шод бод!) буданд. Махсусан, Ҳабибуллоҳи Бек бо дилбастагии хос аз рӯзгору ашъораш суҳбатҳои дилнишин менамуд ва пайваста таъкид мекард, ки бояд ба дунёи зебои шоиру ашъори нобаш бештару беҳтар роҳ бибарем. Ба ин хотир нашри мукаммалу бе саҳву хатои Ҳоҷиро хостор буд.

Дар фарҷом хонандагонро ба мутолиаи «Куллиёт»-и шоир даъват намуда, гуфтанием, ки ному осори ин марди бузург то дер гоҳ дар хотири мухлисони ашъораш боқӣ мемонад. Тавре ӯ худ гуфтааст:

Агар ба хоки Ҳоҷӣ бигзарӣ, фасле тааммул кун,

Ки бефайзе набошад тӯдаи хоки мазори ӯ.

Сентябрь 2, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид