Мустафо Наимов барои корнамоию мардонагӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ пас аз марг бо медали «Барои далерӣ» қадрдонӣ гардид

Сентябрь 24, 2019 14:15

ДУШАНБЕ, 24.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода намояндаи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, шаҳрванд Мустафо Наимов, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Рӯдакӣ  барои зоҳир намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, нишон додани корнамоию мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ пас аз марг бо медали «Барои далерӣ» қадрдонӣ карда шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 22 сентябр, соати 19:20,  ҷавони тахминан 20-25-солаи  шахсияташ номаълум  бо мақсади ошкоро тасарруф намудани амволи ғайр,  ба назди  сокини 24 –солаи   кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе  Артур Тугеев, ки  дар назди бинои истиқоматии худ қарор дошт, омада, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ   аз дасти ӯ телефони мобилии тамғаи «Редми-нот-7», арзишаш 1800 сомониро ғорат намуда, аз ҷойи ҳодиса ба  тарафи кӯчаи Гипрозем (самти бозори «Деҳқон»)  мегурезад.

Ҷабрдида  барои дастгир намудани  ҷинояткор ӯро   дунболагирӣ мекунад. Баъдан ба ӯ намояндаи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, шаҳрванд Мустафо Наимов  ҳамроҳ шуда, шахси ҷиноятпешаро  пайгирӣ намуда, дар наздикии бозори «Деҳқон» ӯро зада, аз пой меафтонад. Дар ҳамин вақт  ҷинояткор бо  корд  ба бадани Мустафо Наимов зада, ӯро захмӣ  менамояд ва  аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Дар натиҷа  М. Наимов. бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Ба иттилои манбаъ, барои муайян ва дастгир намудани шахси ҷинояткор тамоми  тадбирҳои  зарурӣ андешида шуда, тафтишот идома дорад.

«Ҳеҷ гоҳ далерию ҷоннисории Мустафо Наимов — фарзанди диловари Ватан фаромӯш намешавад. Шуҷоату далерии ӯ барои наслҳои минбаъда чун дарси ибрату мардонагӣ, фидокориву ҷасорат ва садоқату матонат абадан боқӣ хоҳад монд»,- афзуд манбаъ.

Сентябрь 24, 2019 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад