Нашри дуюми китоби «Роғун-ахтари тобони Тоҷикистон» ба дасти хонандагон расид
ДУШАНБЕ, 05.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» нашри дуюми китоби «Роғун-ахтари тобони Тоҷикистон» бо тағйиру иловаҳо аз ҷониби раиси Кумитаи ҷумҳуриявии итттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Аслиддин Назарзода манзури хонандагон гардид.
Ин китоб давоми мантиқии рисолаи аввал ба шумор рафта, дар он дар бораи НБО «Роғун», таърихи мухтасари бунёди он, аҳамияти ин иншооти бузург барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон, пешрафти иқтисодии мамлакат ва манфиати он барои тамоми минтақа ҳам бобати бо барқ таъмин намудан ва ҳам кушодани заминҳои наву танзими низоми об сухан меравад. Муаллиф дар китоб дар бораи аҳамияти неругоҳ маълумоти дақиқ ҷамъ овардааст.
Дар охири китоб феҳристи муҳимтарин санаҳои муҳими бунёди ин Кохи нур ва сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ҷой дода шудаанд. Муаллиф ният дорад, ки давра ба давра таърихномаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро аз ҷиҳати техникӣ ва иқтисодӣ таҳия намояд.
Рисолаи «Роғун-ахтари тобони Тоҷикистон», нашри 2 барои омӯзиш дар ташкилотҳои иттифоқи касаба, муассисаҳои таълимӣ, корхонаву идораҳо ва оммаи васеи хонандагон тавсия гашта, ройгон тақсим мешавад.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






