«НОБИ РОҒУН ИФТИХОРИ ТОҶИКОН АСТ!». Чакомаи муҳаббат, садоқат ва ифтихор дар навиштаҳое, ки ба АМИТ «Ховар» мерасанд

Сентябрь 9, 2019 21:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки бунёди он бо ибтикори беназир ва азму талоши хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст, ҳамчун иншооти бузурги аср ва кохи нуру зиё, рамзи ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллат  дар дилу дидаи мардуми тоҷик  ҷой  гирифтааст.  Тоҷикистон  ин иншооти азимро бо қувваи  бозу ва ақлу хиради  шаҳрвандони  худ бино мекунад.   Ин иншооти  нодир барои миллати тоҷик на танҳо нуру зиё, балки баракату фаровонӣ ва  муҳаббату эҳтироми ҳамдигарро ато фармудааст.  

Имрӯзҳо ба идораи АМИТ «Ховар» навиштаҳои зиёде бо қалами  одамони  синну сол ва касбу кори гуногун ҳамчун нишони ин муҳаббату самимияти бепоён мерасанд ва мо беҳтарини онҳоро ҳамарӯза пешниҳоди хонандагони худ мегардонем. Дар миёни ин навиштаҳо сатрҳои дар шакли назм иншошуда низ кам нестанд. Дар зер намунае аз онҳоро чун муште аз хирвор пешкаш менамоем.  

Содиқи КАШРӮДӢ,
ҳуқуқшинос

 

          ЧАКОМАИ  РОҒУН    

Сабр карди сахтиҳоро, дод сабрат аҷри сабр,

Рафт он сахтиву он ноҷӯриҳо аз сар, чу абр.

Муддате будӣ ба зиндони ғаму андӯҳу ранҷ,

Хушиҳо ин дам расиду аз ҷаҳонат рафт ҷабр.

Дар баландӣ ҳамчу кӯҳ болою дар тезӣ чу боз,

Дар набард бо нобасомонии даврон ҳамчу бабр.

Ҳамчу Рустам зӯру чун Нӯшинравон бо адлу дод,

Дар салобат ҳамчу пилу дар набард шери ситабр.

Бо ту мефахранд порсу тоҷику курду балуҷ,

Офарин бодат зи муслиму насорову зи габр.

Дар раҳат буд муддате чун хоку хору хас адӯ,

Ҷабраил онро зи роҳат рӯфтан кард бо швабр.

Гуфт Содиқ чанд байт аз рӯи ихлосу халос,

Тоҷикон гаштанд шоду хасмашон ҷо шуд ба қабр.

***

 Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА,
муовини Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон,
сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Хуҷанд   


          РОҒУН МУБОРАКБОД БОД!

Эй шаҳри Роғун – шаҳри нур, аз ту расад бар мо сурур,
Аз ифтитоҳ омад нидо: Роғун муборакбод бод!
Ту ифтихори миллатӣ, аз баҳри мо ту нусратӣ,
Аз дил бигӯям: Марҳабо, Роғун муборакбод бод!
Андар барат баҳри азим, дар байни кӯҳсори қадим,
Пешвои миллат раҳнамо, Роғун муборакбод бод!
Шодӣ диҳад бар хосу ом нерӯи барқи мустадом,
Бар дарди ин миллат даво, Роғун муборакбод бод!
Аз баҳри осоиш ба мо андар дили ин кӯҳҳо,
Шуд Пешво худ муқтадо, Роғун муборакбод бод!
Бо азми неку, эй Ҳусайн, бо Пешво ҳамроҳ бош
Дар ҷодаи нуру сафо, Роғун муборакбод бод!
Дар дил муҳаббат баҳри халқ, фардои миллат дар назар,
Бар Пешво гӯям сано, Роғун муборакбод бод!

***

Абдуқаҳҳори ҚОСИМ,
шоир  ва рӯзноманигор

                      НОБИ РОҒУН

НОБ-и Роғун ифтихори тоҷикон аст,
Як ҷаҳони нангу ори тоҷикон аст.
Тоҷикистонро кунад гул-гулшукуфон,
Гулшукуфти навбаҳори тоҷикон аст.

Сарфарозиҳои мо бо туст, Роғун!
Дилнавозиҳои мо бо туст, Роғун!

Мешавад бунёд аз меҳру муҳаббат,
Оварад бар мардумон бахту саодат.
Нурафшон менамояд кишварамро,
Мефизояд шаъну шони халқу миллат.

Сабт мегардад ба таъриху тамаддун,
Сабт мегардад ба дунё номи Роғун.

Пешвою раҳнамо, марди худодод,
Тоҷиконро болу пар сӯи само дод.
Чун таҳамтан ҳифзи нангу ном карда,
Мекунад ҳар гӯшаи ин мулк обод.

Сарфарозиҳои мо бо туст, Роғун!
Дилнавозиҳои мо бо туст, Роғун!

***

Баҳриддин МИРЗОАЛИЕВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

           НОБ-И РОҒУН ЧУ ГАРДОН МЕШАВАД…

(Илҳом аз шоҳкориҳои Пешвои муаззами миллат дар бунёди Нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун)

НОБ-и Роғун чу гардон мешавад,

Шуълаи хуршеди тобон мешавад.

Тоҷики меҳанпарасту мардро,

Он чароғи нури имон мешавад.

НОБ-и Роғун чу гардон мешавад,

Обрӯи ҷумла ёрон мешавад.

Дар китоби мардию мардонагӣ,

Ифтихори Тоҷикистон мешавад.

НОБ-и Роғун чу гардон мешавад,

Равшанибахши шабистон мешавад.

Аз ҷасорат, аз маҳорат, аз ҳунар,

Сад мисол дар чархи гардон мешавад.

НОБ-и Роғун чу гардон мешавад,

Он нишони нури Раҳмон мешавад.

Аз дуои неки халқи олишон,

Ё табаррук назди Яздон мешавад.

Эй бародар, тоҷику тоҷикписар,

Бошадат гар нури раҳмонӣ ба сар,

Ҷойи ту Роғуну Роғун ҷойи туст,

Шаҳри Роғун манзилу маъвои туст.

Сентябрь 9, 2019 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»