Ҳокимияти судӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ташаккули ҳамаҷониба ёфт-бардошт аз маҷлиси тантанавӣ дар Суди Олӣ

Сентябрь 5, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 05.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон  давлатамон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ  эътироф гардида, дар  роҳ ба сӯи рушди  мустақилона қадамҳои  устувор гузошт. Ин нукта имрӯз зимни маҷлиси тантанавӣ, ки дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки  судяҳо  ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, судяҳои судҳои пойтахт  доир гардид, садо дод.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзияи САИД  гузориш медиҳад, ки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён  иштирокдорони маҷлиси тантанавиро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки дар даврони истиқлолият   маҳз  бо таваҷҷуҳ  ва дастгирии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мақомоти  судии мамлакат  ба шохаи   мустақили  ҳокимият табдил гардида, қонунгузории соҳа  ва амалӣ гардидани   чорабиниҳои  дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ  пешбинигардида зина ба зина  тақвият меёбанд.

Зикр шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат   неъмати   бебаҳо ва арзишманд аст. Дар роҳи   рушди ниҳодҳои демократӣ, ташаккули  ҳокимияти  судӣ  ва амалӣ намудани   адолати иҷтимоӣ дар мамлакат   нақши Пешвои  миллат  басо муҳим ва таърихӣ мебошад.

Таъкид шуд, ки муҳимтарин  нишонаи давлати устувор  ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, доштани Конститутсия ва ҳокимияти  устувори конститутсионӣ мебошад. Бо эълон шудани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави бунёдкорию созандагӣ оғоз гардид.

Дар маҷлиси  тантанавӣ судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба моҳият ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, зарурат ва  моҳияти барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва Истиқлолияти давлатӣ  ва таҳкими ҳокимияти судӣ сухан карда, нақши соҳибистиқлолии мамлакатро дар рушди босубот ва устувори мамлакат муҳим  арзёбӣ намуданд.

Сентябрь 5, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид