«Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон ба як давлати нерӯманд ва ба мулки боз ҳам ободу осуда табдил меёбад», — бардошти Раиси Комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз маросими ба кор даромадани чархаи дуюми НБО-и «Роғун»

Сентябрь 10, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 10.09.2019./АМИТ «Ховар»/. 9-уми сентябри соли 2019 дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт. Боварам комил аст, ки насли оянда  ин  санаи муҳими таърихиро  ҳамчун оғози марҳилаи сифатан нави  рушди  сарзамини тоҷикон  ба ёд хоҳанд овард. Воқеан ин рӯз барои миллати сарбаланди тоҷик ва тамоми тоҷикистониён  хотирмон аст. Ин матлабро  яке аз иштирокдорони ин маросими таърихӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир РАҲМОНЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иброз дошт.

Номбурда дар идомаи суҳбат чунин ибрози андеша намуд:

-Ба ҷашни  Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ  рост омадани  яке аз муҳимтарин ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати мамлакат  — ба кор даромадани  чархаи дуюми бузургтарин иншооти аср — Неругоҳи барқии обии «Роғун», ки  бо ҳузури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сурат гирифт, басо рамзист. Ин ҳордисаи муҳими таърихӣ барои мардуми Тоҷикистон   ид болои ид  буд ва он  арзишмандтарин туҳфа дар Рӯзи ҷашни Истиқлолияти Ватан  ба мардум маҳсуб мешавад.

Боздид аз ин корзори нангу номус оддитарин шаҳрванди диёрро водор месохт,  ки дар бунёди ин тарҳи миллӣ заррае ҳам бошад саҳмгузор бошад. Баробари вуруд ба ин макони  нур нафареро  пайдо кардан ғайриимкон буд, ки саргарми коре набошаду масъулиятеро ба иҷро нарасонад… Он рӯз дар чеҳраи пиру ҷавон  осори шодию  ғурур аз  амалишавии ормони миллӣ — аз гузоштани боз  як қадами устувор ба сӯи истиқлолияти энергетикии мамлакат мушоҳида мегардид. Хама шоду  масрур  буданд, хушнудиву хушгӯӣ мекарданд ва ин рӯзи саидро барои  якдигар табрик мекарданд. Онҳо бо самимияти хосса меҳмононро хайра мақдам мегуфтанд.

Воқеан ҳам дар ин мавзӯъ  нуктаи калидӣ ин аст, ки  Неругоҳи  барқии обии «Роғун» самара, яъне фарзанди истиқлолу озодии Тоҷикистони азиз  аст ва  аз  чархидани он чеҳраи дурахшони фардо намоён аст.

Чуноне Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он рӯз зимни суханронӣ  дар макони сохтмонии ин кохи нур ёдовар шуданд, «Имрӯз тамоми сокинони Тоҷикистон шоҳиди рӯйдоди навбатии хурсандиовар – бакорандозии агрегати дуюми ин манбаи рӯшноӣ гардиданд, ки бо иродаи қавӣ, шуҷоату матонат ва заҳмати шабонарӯзии  мутахассисону сохтмончиёни ватандӯсту шуҳратманд таъмин карда шуд. Баъди ба истифода додани агрегати якуми ин кохи нур, ки 16-уми ноябри соли гузашта баргузор гардида буд, вақти зиёде нагузаштааст ва аллакай, то имрӯз дар нерӯгоҳ 570 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, ба низоми энергетикии ҷумҳурӣ  интиқол дода шуд».

Дар ин суханронӣ Пешвои миллат ба сохтмончиёни НБО-и «Роғун» изҳори миннатдорӣ  намуда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки «Ба ҳамаи шумо миннатдории бепоёни Ҳукумат ва халқи Тоҷикистонро баён намуда, бори дигар хотирнишон месозам, ки номи ҳар яки шумо — фарзандони бонангу номуси Ватан — мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос ва шарикони гиромӣ дар таърихи Тоҷикистони навин бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд».

Афкори дигари Пешвои муаззами миллат дар ин суханронӣ ин буд, ки: «Бо итминони комил изҳор менамоям, ки мо бо заҳмати содиқонаи мардуми сарбаланди тоҷик ва корномаи баҳодуронаи фарзандони бонангу номуси миллат дар ояндаи наздиктарин ҳамаи ниятҳои нек ва нақшаҳои созандаамонро амалӣ мегардонем.Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо ба як давлати нерӯманду пешрафта ва Ватани маҳбуби тоҷикон ба мулки боз ҳам ободу осуда табдил меёбад».

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки  бунёди НБО-и “Роғун”  на танҳо барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад, бо шарофати он мардуми минтақа бо нерӯи сабз таъмин мегарданд.

Гузашта аз ин,  рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон,  хусусан, дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ  нақши калидӣ дорад. Ҳукумати мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии  мамлакат  қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар   намудааст.

Татбиқи  чандин  лоиҳаи муҳим дар самти рушди соҳаи энергетика нишонаи ҳамин кӯшишҳои пайваста буда, имрӯз ба болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат карда истодааст.

Ёдовар  мешавем, ки  корҳои сохтмону васлкунӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷалби 67 ташкилоту муассисаҳо, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва бо иштироки беш аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки анқариб 90 дарсади онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд бо истифодаи 3600 мошину механизмҳо ба иҷро расонида мешаванд.

 

Сентябрь 10, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«НАБЗИ РОҒУН». Таҳти ин унвон китоби кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба нашр расид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ