ОЗМУНИ FLEX ДАР СОЛИ 2019: ба хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёнаи Тоҷикистон бори дигар имконияти таҳсил ва зисти ройгон дар ИМА пешниҳод мешавад

Сентябрь 18, 2019 11:05

ДУШАНБЕ, 18.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Интихоби иштирокчиён ба барномаи стипендиалии мубодилаи хонандагони синфҳои болоии «FLEX» 21 сентябр оғоз меёбад. Стипендияҳо барои таҳсили ройгон дар ИМА барои хонандагони синфҳои болоӣ пешниҳод мегарданд. Намояндагони барномаи FLEX аз рӯзи шанбе гузаронидани ду давраи аввали тестҳоро дар ёздаҳ шаҳри Тоҷикистон шурӯъ менамоянд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Муовини директори шӯроҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон  Нона Маҷидӣ шарҳ медиҳад: «Одамон метавонанд чипта харида, ба Амрико сафар кунанд, ёдгориҳои таърихиро бинанд, хӯрокҳои амрикоиро бичашанд, аммо барномаи мубодилавии FLEX ба хонандагон имконият медиҳад, ки Амрикоро ройгон ва бештар аз сайёҳон бинанд, дар оилаи мизбони амрикоӣ зиндагӣ  намоянд, тӯли як соли хониш дар мактаби амрикоӣ таҳсил кунанд!»

Соли ҷорӣ беш аз 35 ғолиб барои иштирок дар барномаи соли таҳсили 2020-2021 интихоб мегарданд. Ғолибон дар оилаҳои мизбони интихобгардида зиндагӣ мекунанд, дар мактаби миёнаи амрикоӣ таҳсил мекунанд ва барномаи шиносоиро мегузаранд. Барнома пардохти рафтуомад аз хона то Иёлоти Муттаҳида, хароҷоти моҳонаи зиндагӣ ва суғуртаи тиббиро (он табобати бемориҳои то  сафар ба ИМА вуҷуддоштаро дарбар намегирад) таъмин менамояд.

«Хусусияти барнома дар он аст, ки на танҳо даҳҳо хонандагон аз Тоҷикистон фарҳанги амрикоиро омӯхта, чун амрикоиён зиндагӣ мекунанд, балки оилаҳои қабулкунанда ва ҷомеаи амрикоӣ низ дар баробари қабул кардани хонандагон бо фарҳанги Тоҷикистон шинос мешаванд, – мегӯяд Нона Маҷидӣ.  — Ҳар сол оилаҳо бо камоли майл пухтани оши палаву  қурутобро меомӯзанд, аз идҳои миллии Тоҷикистон, ба монанди Наврӯз огоҳӣ меёбанд».

Таъсиси барномаи мубодилавии FLEX аз ҷониби Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод гардида буд, то ки ба мардуми ИМА ва Тоҷикистон дар  рушду тавсеаи  ҳамдигарфаҳмӣ ёрӣ расонад. Барнома 28 сол боз вуҷуд дошта, аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ ва аз тарафи Бюрои барномаҳои таҳсилотиву фарҳангии Департаменти давлатии ИМА идора мегардад.

Барномаи FLEX ғайр аз Тоҷикистон дар Арманистон, Озарбойҷон, Чехия, Эстония, Венгрия, Гурҷистон, Юнон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Полша, Муғулистон,  Руминия, Словакия, Туркманистон ва Украина фаъолият мекунад.

Сентябрь 18, 2019 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
Президенти Тоҷикистон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат хонаи истиқоматӣ тақдим намуданд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи январ чӣ гуна мешавад?
«МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 900 метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Бахшида ба он ҳамоиш доир гардид
Дар даври ноҳиявии озмуни «Хушдомани беҳтарин» Давлатбӣ Каримова сазовори ҷойи аввал гардид
Дар Вазорати адлия хизматрасонии электронии тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ бо QR-рамз ба роҳ монда шуд
ҶИНОЯТКОРИИ ҶАВОНОН. Таъсири бозиҳои компютерӣ ва мушкилоти пешгирии иҷтимоӣ