«Роғун» ва аҳамияти иқтисодии он барои Осиёи Марказӣ», «Шаҳринав. Аттестатсия се роҳбарро аз мансаб дур кард», «Боғи ҳайвонот ва савдогарон»,-шарҳи матбуоти даврӣ

Сентябрь 26, 2019 15:47

ДУШАНБЕ, 27.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ин ҳафта дар сархати расонаҳои даврии мамлакат хабару гузоришҳо аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Файзободу Рӯдакӣ қарор доштанд.

Дар  шумораи навбатии  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (24.09.2019, № 182)   мақолаи шореҳи иқтисодии Ташкилоти ҷамъиятии  «Modern industry» Семен Золов  аз  сомонаи агентии  иттилоотии  «Сentrasia.org» (11.09.2019)  таҳти сарлавҳаи  «РОҒУН» ва аҳамияти иқтисодии он барои Осиёи Марказӣ» тарҷума  ва бознашр шудааст.  Муаллиф дар ин мавод, аз ҷумла нигоштааст: «Раиси Палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов, ки дар он рӯзҳо бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт, аҳамияти бузурги НБО «Роғун» — ро барои кишварҳои минтақа тасдиқ кард. Ӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо рӯйдоди ба истифода додани агрегати якуми НБО «Роғун» самимона табрик намуда, изҳор дошт: «Ман аз муваффақона ба кор андохтани ин иншооти азим мафтунам, ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон сабт хоҳад шуд ва татбиқи ин лоиҳа на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои тамоми мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст. Ин лоиҳаи беназир ба шарофати Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азми устувор, матонат ва сиёсати дурбинонаатон амалӣ гардид».  

«НБО «Роғун» на танҳо ба эҳтиёҷоти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳолии нуҳмиллионаи он, балки ба содироти неруи барқи арзон ба як қатор кишварҳои узви СҲШ мусоидат мекунад: Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Чин. Ба анҷом расидани неругоҳ ва дар баробари ин, дигар лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки содироти неруи барқро то 4 ҳазор мВт дар як сол татбиқ намояд. Яъне, неру ва оби «Роғун» ба пешрафти на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард»,- иброз намудааст  дар ин матлаб С.Золов.

Ҳамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»  таҳти сарлавҳаҳои «Бо Пешвои миллат ба пеш!», «Хатлон. 60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор», «Норак. Аз пайи мактуби модар», «Шаҳрсозӣ», «Илм ва амал ё сухане чанд дар  мавриди рушди илм дар даврони Истиқлолияти давлатӣ», «Рози бузургии Устод Рӯдакӣ»   ва дигар мақолаҳои ҷолиб ба чоп расидаанд.

Дар саҳифаи аввали Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№114 аз 24.09.2019)   таҳти унвони «Файзобод барои бунёди корхонаву коргоҳҳои маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ имконияти зиёд дорад» суханронии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро    дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи  Файзобод ба нашр расидааст.

Дар гузориш, аз ҷумла, омадааст: «Тайи ду соли охир дар ҳудуди ноҳия ду корхонаи коркарди мева, сардхонаҳо, сехҳои истеҳсоли обҳои маъданӣ ва ташнагишикан, маҳсулоти қаннодӣ, дӯхти либосҳои мактабӣ ва коркарди шир бунёд карда шудаанд. Файзобод ноҳияи аграриву саноатӣ буда, барои бунёди корхонаву коргоҳҳои коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ имконияти зиёд дорад. Қобили зикр аст, ки ҳоло дар ноҳия 21 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар 7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 19 миллион сомонӣ баробар шудааст».

Зимни ин суханронӣ  Пешвои миллат ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи ноҳияи Файзобод роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати саноат ва технологияҳои навро  вазифадор карданд, ки якҷо бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дар асоси таҳлили иқтидорҳои мавҷуда масъалаи таъсис додани корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонро ҳамаҷониба баррасӣ карда, ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон ба таври васеъ ба роҳ монанд.

Дар ин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» ҳамчунин мусоҳибаи Далер Мерганов   бо сардори Раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Душанбе Азизулло Давлатов бо номи   «Аз имтиёзҳои гумрукӣ то реэкспорт»  ва дигар мақолаҳо таҳти сарлавҳаҳои « Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор институти ҷомеаи шаҳрвандӣ амал мекунад», «Шаҳринав. Аттестатсия се роҳбарро аз мансаб дур кард», «Ба фаъолият оғоз кардани нахустин бонки исломӣ  кадом андоза метавонад эътимодро  тақвият бахшад?», «Эҳтиёҷ ё «бизнес» чоп гардидаанд.

Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (25.09.2019, №40)  дар шумораи навбатии худ сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ба  ноҳияи Файзобод рўи чоп овардааст.

«Таджикская делегация участвует в ежегодном совещании ОБСЕ в Варшаве», «Конкретные дела против лжи, или «господа» политические заседатели» — ин маводи рӯзнома  дар бораи  иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кории ҳамоиши САҲА оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи ченаки инсонӣ бахшида ба озодиҳои асосӣ, ки дар Варшава баргузор гардид,  бахшида шудаанд.

Ҳамзамон дар ин шумора  таҳти сарлавҳаҳои  «Рудаки – основатель персидской поэзии», «Много языков  — один мир», «Хульбук – столица Хутталя», «Проблемы развития гражданского общества Республики Таджикистан»  ва  дигар  матолиб чоп шудаанд.

Инчунин дигар матолиб  бахшида ба Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал ва  Рӯзи мелиораторон рӯи чоп омадаанд.

Дар шумораи навбатии   Нашрияи КИ ҲХДТ «Минбари халқ» (№39 аз 25 сентябри соли 2019)  дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ таҳти сарлавҳаҳои зерин матолиби ҷолибу хондабоб пешниҳоди хонандагон гардидаанд: «Нақши арзандаи бонувон дар ҳизб», «Тоҷикистон дар масири рушд ва шукуфоӣ», «Корномаҳои созанда», «Мазҳакаи илоҳӣ ва ё чанд андеша дар ҳошияи ҳамоиши САҲА», «Бадахшон. Ҳама аз иқдомҳои неки сарвар шукргузоранд», «Роғун –рамзи хирадпешагӣ ва илммеҳварист», «Чанд ҳарф оид ба менталитети номусоиди мо», «Боғи ҳайвонот ва савдогарон», «Нодири Одили фозил аз олами хирад»  ва ғайраҳо.

Муаллифи мақолаи  «Боғи ҳайвонот ва савдогарон» Т.Орифӣ  оид ба  чӣ тавр рӯзи ҷумъаи гузашта  бо набераи панҷсолааш озими «Боғи ҳайвонот»-и шаҳри Душанбе шудану шоҳиди  бо хизматрасонии пасти савдогарони  ин макон ба мизоҷон  нақл кардааст. «Ҳанӯз аз фаромадгоҳи боғ поён нашуда будем, ки ду ҷавони суратгир мусобиқакунон моро расм мегирифтанд. Онҳо чунон бо шавқ саргарми кор буданд, ки лаҳзае худро ҳунарманди «Ҳолливуд» пиндоштам», — нигоштааст ӯ ва дар идомаи матлабаш мушоҳидаҳои дигарашро аз сайри ин боғ    чунин  тасвир кардааст: «Ҳанӯз ба роҳи марказии боғ нарасида будем, ки садои духтаронае моро аз роҳамон боздошт. –Ака, обҳои ҳархелаи хунук дорем, марҳамат кунед. Ростӣ хеле ташна будам ва назди ӯ омада гуфтам:

-Ба ман ду дона арсиколаи нимлитра диҳед.

Духтар аз яхдон ду дона арсиколаро бароварда, дароз кард.

-Чанд пул мешаванд?-пурсидам аз ин фурӯшанда.

-12 сомонӣ-бепавоёнона ҷавоб дод ӯ.

-О, чӣ хел 12 сомонӣ, охир инҳо 0,5 литр, дар дигар мағозаҳо 3-4 сомонӣ нарх доранд?.

–Ака хоҳед, гиред, нахоҳед нагиред ,-бо ҳамон оҳанги аввалааш гуфт фурӯшанда.

Ноилоҷ як шиша аз он арсиколаҳоро гирифтам ва бо набераам Боғи ҳайвонотро тарк кардем».

Т.Орифӣ дар ин мақолааш аз дигар ҳолатҳои носозгори хизматрасонӣ ба сайркунандагони  ин боғ  гуфта,  онро бо  чунин матлаб ба анҷом расонидааст: « Ба хона омадаму дар назди худ қарор додам, ки бояд ба мутасаддиёни соҳа пешниҳодот  нависам, ки ба Боғи ҳайвонот  унвони дигар «Боғи савдогарон ва ҳайвонот» диҳанд, зеро аз ҳайвоноташ дида, савдогарони қиматфурӯшаш зиёданд».

Нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  «Мароми пойтахт» (№36 аз 25.09.2019) шумораи навбатии  худро ба инъикоси  сафари кории Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Файзобод бахшида, ҳамчунин аз ҷарёни  Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум гузориши муффасал омода  намудааст.

Гузориши дигари нашрияи «Мароми пойтахт» аз ҳаёти ҳизб буда, дар он  аз  вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  Зоир Раҳмонзода бо интихобкунандагон, ки дар  ин ҷамъомад    як  зумра  масъалаҳои мубрами рӯз  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар дода шудааст.

Мақолаҳои дигари рӯзномаи «Мароми пойтахт» таҳти сарлавҳаҳои  «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» дар ҳошияи ба истифода додани бинои нави Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш таҳия гардидааст ва  «Камҳаракатӣ ва таъсири он ба дил», ки  ба Рӯзи умумиҷаҳонии дил бахшида шудааст,  рӯи чоп омадаанд.

                                                                                                Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 26, 2019 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад