Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода: «Соҳаи тандурустӣ дар солҳои истиқлолият на танҳо ба пешрафтҳои бузург ноил гардид, балки тавонист ҳамқадами илми тибби ҷаҳонӣ гардад»

Сентябрь 7, 2019 14:02

ДУШАНБЕ, 07.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият бузургтарин неъмати давлатдорист, ки бо гузашти ҳазор сол ба миллати сарбаланд ва тамаддунофари тоҷик насиб гардид. Пас аз барҳам хӯрдани давлати тоҷикон Сомониён (солҳои ҳукмронӣ-819-999)  Истиқлолияти давлатӣ дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба сари миллати тоҷик амсоли хуршеди оламгир нурпошӣ намуда, давлати мустақиле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи олам арзи ҳастӣ намуд. Ин матлабро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим ОЛИМЗОДА   зимни баёни андешаҳои хеш ба хабарнигори АМИТ “Ховар”  иброз дошт.  Дар идомаи суҳбат мавсуф чунин афзуд:

-Истиқлолият орзуву ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, ки 9 сентябри соли 1991 пас аз талошҳои шабонарӯзии Сарвари оқилу доно ва тақдирсози миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бар ивази ҷони ҳазорҳо шаҳрвандони бегуноҳи мамлакат, инчунин хисороти бузурги моливу иқтисодӣ ба даст омадааст.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти комили давлатӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, Конститутсияи мамлакат зимни раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Инчунин муҳимтарин рамзҳои муайянкунандаи давлати соҳибистиқлол-Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ қабул шуданд, Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, амнияти давлатӣ ва ҳифзи сарҳад ба роҳ монда шуд. Пули миллӣ ба муомилот баромад.

Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ ноил гардидан обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як давлати дар самти баррасӣ ва пешниҳоди масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ фаъол  хеле боло рафт. Аз ҷумла, ташаббус ва иқдомҳои бузурги байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мубрами умумимиллӣ, махсусан мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар як қатор минтақаҳои олам, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби аср, ба монанди терроризм ва экстремизим, қочоқи маводи мухаддир, хариду фурӯши одам ва дигар масъалаҳои мубрам аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамраъйӣ пайдо намуданд.

Қобили зикр аст, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028  бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, эълони  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардида буд.

Дар тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Душанбеи ҳамешабаҳор садҳо чорабиниҳои сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ баргузор гардида, дар онҳо муҳимтарин масъала ва мушкилоти дорои аҳамияти ҷаҳонӣ баррасӣ шудаанд.

Арзандаи арҷгузорист, ки Эмомалӣ Раҳмонро поягузори Истиқлолияти давлатии тоҷикон дар қарни ҷадид номида, исми эшонро дар баробари Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Анӯшервони Одил ва дигар подшоҳони бузурги таърих ном бубарем, чун таҷрибаи давлатдории он кас дар ҷаҳон назир надошта, қобили омӯзиш ва пайравӣ барои тамоми ҷаҳониён мебошанд.

Дарвоқеъ, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққии мамлакат беназиранд.

Аз ин лиҳоз, мардуми сипосгузори тоҷик муборизаҳои ҷоннисорона ва хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати муосири Тоҷикистон пос дошта, он касро ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат пешбарӣ карданд. Ва рӯйдоди аз ҳама муҳиму фараҳбахши таърихӣ –қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат» мебошад, ки 9 декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дар маҷмӯъ, ҳама он муваффақият ва дастовардҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъди ноил гардидан ба  Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми самтҳо ба даст овардааст, маҳз самараи талошҳои хастанопазир ва меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дастовардҳои соҳаи тандурустии кишвар ба Истиқлолият алоқаи ногусастанӣ доранд, зеро мусаллам аст, ки бидуни ин неъмати бебаҳои давлатдорӣ рушд намудани дилхоҳ соҳа ғайриимкон мебошад.

Ҳифзи солимии аҳолии мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тавре Пешвои миллат ҳамеша дар баромадҳои хеш таъкид мекунанд:“Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст”.

Аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои муҳимтарин ба соҳаи тандурустӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ баҳри бунёд, навсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонидани онҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумат иқдомҳои бузург амалӣ карда шудаанд.

Дар ин рӯзҳои пурнишот, ки мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ҷашни миллӣ-Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамоянд, таъкид намудан ба маврид аст, ки дар воқеъ пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо кумак ва дастгириҳои пайвастаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии мамлакат дар тамоми самтҳо ба таври бесобиқа рушд намуд. Далели гуфтаҳои болозикр аз тарафи давлат сол то сол зиёд шудани маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур мебошад. Масалан, соли 2019 нақшаи буҷети соҳаи тандурустӣ 1 миллиарду 740 миллиону 536 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид, ки нисбат ба соли 2018 12,2% ё ин, ки 189 миллиону 600 ҳазор сомонӣ зиёд буда, нисбат ба маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 2,2% ва нисбат ба ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 7,2%-ро ташкил медиҳад.

Маҳз дар партави сиёсати оқилонаи Сарвари давлат соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар як муддати кӯтоҳ на танҳо ба пешрафтҳои бузург ноил гардид, балки тавонист ҳамқадами илми тибби ҷаҳонӣ гардад. Имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш ба навоварӣ ва ихтироъкорӣ даст мезананд, ки ин амали онҳо баҳри баланд бардоштани нуфузи илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки соҳаи илми тибби ҷумҳуриро Академияи  илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯш дорад. Олимони муассисаи мазкур корҳои илмӣ-тадқиқотиро аз рўи 18 лоиҳаи илмии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, 11 мавзўи илмӣ оид ба «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва 6 мавзўи ташаббусӣ давом доданд. Танҳо давоми 5 соли охир олимони муассисаҳои илмии Академия дар пажӯҳиши масъалаҳои мубраму ҳалталаби соҳаи тибби Тоҷикистон тадқиқот гузаронидаанд, ки онҳо ба коҳиш додани фавти модарӣ ва перинаталӣ, сари вақт ташхис ва муолиҷа намудани гепатитҳои вирусӣ, пешгирии оризаҳои бемории диабети қанд, коҳишёбии маъюбӣ аз бемориҳои дилу рагҳои хунгузар, коркарди доруҳои нав аз растаниҳои шифобахши ватанӣ мусоидат намудаанд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ олимони соҳаи тибби мамлакат ба як қатор дастовардҳои назарраси илмию амалӣ ноил шудаанд. Аз ҷумла, аввалин маротиба ҳангоми бемории санги талхадон намуди нави ҷарроҳӣ- криохолесистэктомия аз ҷониби олимони ватанӣ иҷро карда шуд. Инчунин аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ доруҳои нави Ферубет, Гастрофит ва Урсослит коркард шуд, ки онҳо дорои хусусияти паст намудани қанд, чарбҳои таркиби хун ва барқароркунии ҷигари иллатёфта мебошанд. Дар баробари ин, ҳангоми бемориҳои дилу рагҳои хунгард усулҳои нави муолиҷаи ҷарроҳӣ аз ҷониби табибони тоҷик пешниҳод ва дар амалия ворид карда шуданд, ки ин амал сабаби коҳиш ёфтани аворизҳо ва фавт дар байни беморон гардид.

Аз ҷониби олимони ватанӣ усули замонавии ташхиси электрофизиологии дил ва табобати вайроншавии назми дил — аблятсияи радиобасомадӣ бо натиҷаҳои дилхоҳ амалӣ карда шуд. Дар пайвандсозии гурда ва ҷигар усулҳои инноватсионӣ коркард карда шуд, ки аворизҳои баъди ҷарроҳиро кам карда, натиҷаҳои табобатро беҳтар гардонид.

Олимони тибби мамлакат инчунин омилҳои хавфи инкишофи норасоии  ҳамроҳакро муайян намуда, роҳҳои пешгирии онҳоро пешниҳод ва дар амалия ворид намуданд.

Яке аз мушкилоти  имрӯзаи соҳаи тибби ҷаҳонӣ бемориҳои гуногуни кӯдакона мебошанд, ки дар ин бахш олимони тибби тоҷик дар самтҳои илтиҳоби шадиди шушҳо, заифшавии масуният ва нуқсонҳои модарзодӣ тадқиқотҳои илмӣ гузаронида, зимни амалӣ намудани кашфиётҳои ихтироъшудаашон ба беҳтарсозии солимии кӯдакон мусоидат намудаанд.

Дастовардҳои олимони тибби ҷумҳурӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар самти ҷорӣ намудани усулҳои ҷадиди табобат назаррас буда, ин анъана минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Мояи хушнудист, ки имрӯз беҳтарин дастовардҳои тибби ҷаҳонӣ на танҳо дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҳатто дар деҳаҳои дурдасттарини мамлакат низ ба аҳолӣ  дастрас мебошанд.

Яке аз бахшҳои муҳимтарини соҳаи тиб бахши ҷарроҳӣ ба шумор меравад, ки нақши он дар табобат ва солимгаронии инсон бағоят калон мебошад. Хушбахтона, ин самти муҳимтарини соҳаи тиб имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле рушд намуда, барои гузаштан аз дилхоҳ амалиёти ҷарроҳӣ ба шаҳрвандон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам гардидааст.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар баробари коҳиш ёфтани шумораи шаҳрвандони кишвар, ки барои анҷом додани амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ ба хориҷ сафар менамоянд, шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки барои гузаштан аз амалиёти ҷарроҳӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд, зиёд шуда истодааст. Аз ҷумла, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 118 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудаанд, ки аз ин шумора 29 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 37 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 31 нафар аз Исроил ва боқимонда аз дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд.

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ҳазору 716 табиб ва 51 ҳазору 788 корманди миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Имрӯз дар соҳаи тандурустии  ҷумҳурӣ  142 доктор ва 496 номзади илми тиб фаъолият карда истодаанд, ки аз ин шумора 302 нафар номзади илми тиб ва 61 доктори илми тиб  дар самти ҷарроҳӣ кор мекунанд.

Ҳар нуктаву эроде, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои соҳаи тандурустӣ дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ ва вохӯрӣ бо сокинону фаъолони мамлакат баён мегарданд, аз ҷониби роҳбарият ва кормандони вазорат сари вақт мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, баҳри рафъи мушкилиҳои мавҷуда тадбирҳои мушаххас ва зарурӣ андешида мешаванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ бунёд, навсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тиббиро дар тамоми мамлакат идома  хоҳад дод.

Сентябрь 7, 2019 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»