Заррина Зуҳурова: «Баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ аст»
ДУШАНБЕ, 18.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Панҷоҳ фоизи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро /ҲХДТ/ занон ташкил дода, онҳо дар рушд ва пешбурди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат нақши муҳим мегузоранд. Ин аст, ки баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ мебошад. Ин нуктаро мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурова дар ҳамоише, ки имрӯз таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар пойтахт доир гардид, иброз дошт.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш ба ифтихори 25-умин солгарди таъсиси ҲХДТ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе таҳти шиори «Вохӯрии ду насл» баргузор гардида, дар он кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр, мудирони шуъбаҳои кор бо занони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳо, занони роҳбар, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва фаъолзанону духтарон иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиш омӯзиши таҷрибаи бонувони фаъол, тарбия ва ба камол расонидани ҷавондухтарон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, илму ҳунаромӯзӣ, огоҳ намудани онҳо аз санадҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ба ин восита омода намудани онҳо барои вазифаҳои роҳбарӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки ҲХДТ, ки соли равон аз таъсисаш 25 сол сипарӣ мегардад, фаъолияти худро барои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдкорию шукуфоии ҷомеаи навини Тоҷикистон нигаронида, дар тақвияти фаъолияти он занону духтарон нақши арзанда доранд. Аз 484 ҳазору 437 нафар аъзои ҲХДТ 232 ҳазору 343 нафарашро занон ташкил медиҳанд.
Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа тадбирҳои судманд меандешанд. Ин аст, ки ҳанӯз 20 сол муқаддам, моҳи декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расид, ки санади мазкур аз ғамхории Пешвои миллат нисбат ба занону духтарон, баланд бардоштани нуфуз ва фаъолгардонии онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва сарварӣ шаҳодат медиҳад.
Дар ҳамоиш аъзои Маҷлиси миллӣ, шоира Меҳринисо, вакили Маҷлиси намояндагон Фирӯза Шарифӣ, собиқадорони ҳизб ва меҳнат Муҳаррама Қаюмова, Марҳабо Ҷабборӣ ва дигар фаъолзанон роҷеъ ба баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, дастгирии фаъолияти Шӯрои занон оид ба таҳикими сулҳ ва сулҳофарӣ дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, тақвияти фаъолияти ҲХДТ аз ҳисоби занону духтарони фаъол, омода намудани бонувони сарвар ва дигар паҳлуҳои роҳи тайнамудаи ҲХДТ табодули назар карданд.
Таъкид шуд, ки ҲХДТ 25 сол муқаддам дар давраи хеле ҳассоси таърихӣ таъсис дода шуда, бо саъю талоши Сарвари ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи сиёсиашро дар ҷомеаи Тоҷикистон тақвият бахшид ва он имрӯз ба ҳайси неруи бузурги пешбаранда дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, бунёдкорию созандагӣ ва бунёди Тоҷикистони муосиру дунявӣ нақши муҳим мегузорад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»















Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






