ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн иншооти хизматрасонии иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 08.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе бинои хобгоҳ ва иншооти хизматрасонии иҷтимоии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон пас аз таъмири умумӣ ба истифода дода шуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, инчунин дар ин рӯз ба як зумра донишҷӯёну магистроне, ки бо баҳои аъло муассисаи мазкурро хатм намудаанд, дипломи сурх тақдим карда шуд.
Дар ҳамоиши мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода, директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Саидвализода ва дигарон иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 30 марти соли 2013 таъсис ёфта, аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки барои соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мутахассисон тайёр мекунад.
«Ин Донишкадаро, бешак метавон зодаи даврони истиқлол номид, зеро он маҳз бо дастуру ҳидоятҳои дурандешона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра ташкил ёфта, тавонист дар омода намудани мутахассисони соҳавӣ саҳми бориз гузорад», — иброз дошт Нуриддин Саид.
Дар ин ҷода, — гуфт Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои омода кардани мутахассисони соҳибкасб саҳми омӯзгорони Донишкада хеле назаррас мебошад.
«Зеро ҳамаи мо, аз хурд то калон, аз омӯзгори қаторӣ то ҳайати профессорон, маҳсули дастранҷи мактаб ва муаллимон мебошем. Ман аз фурсат истифода бурда, ба ҳар яки онҳо барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамоям», — афзуд Нуриддин Саид.
Бояд гуфт, ки Донишкада дар собиқ бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод ҷойгир буда, солҳои пеш бинои он ба таъмир ниёз дошт.
Аз ин хотир гуфт, — Раҷабалӣ Саидвализода, тибқи супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмири асосии бинои он ба нақшаи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, аз соли 2015 инҷониб дар ин ҷода маблағгузорӣ шуда истодааст.
«Тӯли се соли охир иншооти мазкур бо маблағи зиёда аз 8 миллион сомонӣ таъмир ва бо маблағи бештар аз 1 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд. Инчунин хобгоҳи Донишкада давоми солҳои 2018-2019 бо маблағи зиёда аз 5,5 миллион сомонӣ таъмир ва бо таҷҳизот таъмин гардида, имрӯз ба истифода дода шуд. Дар хобгоҳи мазкур барои 200 нафар ҷойи хоб фароҳам оварда шудааст», — афзуд мавсуф.








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст






