Абдуҷаббор Раҳмонзода: «Дар оғози асри XX пайдо гардидани кино барои миллати тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад»

Октябрь 16, 2019 16:40

ДУШАНБЕ, 16.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози асри XX пайдо гардидани кино барои миллати тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар баробари ташаккули давлатдории тоҷикон филмноманависӣ ва банаворгирии он рушд карда, аз соли 1929 инҷониб садҳо филмҳои мустанаду бадеӣ ба навор гирифта шуданд. Ин нуктаро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни ифтитоҳи Фестивали байналмилалии «Дидор», ки  имрӯз дар толори  бузурги Хонаи кино — кинотеатри «Зебунисо» доир шуд, баён дошта, афзуд, ки ин филмҳо тоҷикон ва Тоҷикистонро дар олам муаррифӣ намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар маросими мазкур доираи васеи киноофарон аз Тоҷикистон,  Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Россия, Афғонистон, Британияи Кабир, Германия, Ҳолланд, Эрон, Исроил, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Франсия, Чехия ва дигар ҳаводорони кино иштирок намуданд.

«Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли нави филмбардорон тавонистанд кинои тоҷикро дар олам муаррифӣ намоянд. Дар ҳақиқат филмҳое, ки имрӯз офарида шуда истодаанд, рӯзгори воқеии халқи тоҷикро тасвир  мекунанд. Боварии комил дорам, ки тавассути чунин фестивалҳо мо метавонем дар оянда ин санъатро боз ҳам рушд диҳем. Бояд гуфт, ки барои ин кор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, он танҳо меҳнату заҳмати касбӣ талаб менамояд», — афзуд Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Фестивали мазкур  то 20 октябр идома ёфта, дар он 57 филми мустанад ба намоиш гузошта мешаванд. Аз ҷумла, 15 филми байналмилалии озмунӣ, 8 филми озмунии тоҷикӣ, 11 филми ғайриозмунии байналмилалӣ ва тоҷикӣ манзури тамошобинон мегарданд.

Зикр гардид, ки Фестивал ба поси хотири филмҳои мустанадсози маъруфи тоҷик Мамадқул Арабов бахшида шудааст. Мавриди зикр аст, ки 90 сол муқаддам дар ин рӯз синамои тоҷик арзи ҳастӣ намудааст.

Ҳунарпешаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмондусти Қурбониён, ки дар аксар филмҳои ҳуҷҷативу бадеии кинои тоҷик нақш офаридааст, баргузории чунин фестивалҳоро ба манфиати ҳунармандон хонда, гуфт: «Ҷунин чорабиниҳои байналмилалӣ, ки дар кори он аз кишварҳои мухталифи дунё иштирок мекунанд, метавонад муносибатҳои ҳунармандони ин давлатҳоро қавитар намояд».

Коргардони ҷавони тоҷик Музаффар Шодиев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки мо пайваста кӯшиш менамоем, то кинои замонавии тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ намоем.

«Ягон кор бе камбудӣ ва мушкилӣ намешавад. Гарчанде солҳои қабл дар масъалаи мабалғгузорӣ ҷиҳати рушди кинои тоҷик танқисӣ мекашем, ин ҳам солҳои охир хусусияти мусбат касб кардааст. Мо кӯшиш мекунем филмҳои қобили қабули бинандаро пешниҳоди ҳаводорони кинои тоҷик гардонем», — илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Ба иттилои масъулин, ҳакамони фестивали мазкур наворбардор ва коргардони филмҳои мустанад Г. Дзалаев (Тоҷикистон), доктори илмҳои ҳунаршиносӣ, киношинос Г. Абикеева (Қазоқистон) ва мудири иҷроияи IRIB MEDIF TRADE оид ба дистрибутсия Алиризо Шоҳрухӣ   (Эрон) интихоб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки  имрӯз дар шаҳри Душанбе Кинофестивали  «Дидор- 2019» ба кори худ оғоз бахшид ва он чор рӯз идома меёбад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 16, 2019 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода