Қабули Конститутсия ба ислоҳоти судӣ дар Тоҷикистон заминаи боэътимод гузошт
ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маҳз қабули Конститутсия ба ислоҳоти судӣ дар мамлакат замина гузошта, ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид ва дар ин замина бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуданд. Ин нуктаро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими судҳои иқтисодӣ» ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иброз дошт.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш роҳбарият, судяҳо, собиқадорони соҳа ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии мамлакат иштирок намуданд.
Мавлуда Қаландарзода зикр кард, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба халқи Тоҷикистон муяссар гардид, ки 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ санади муҳими миллӣ –Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намояд. Гуфта шуд, ки мақсади асосии халқ ҳангоми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он, муқаддас эълон намудани озодӣ ва ҳуқуқи шахс, эътироф намудани баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату ҳалқиятҳо, бунёди ҷомеаи адолатпарвар буда, дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидаанд.
Дар ҳамоиш ҳамзамон собиқадорони мақомоти судии мамлакат Файзулло Абдуллоев, Ғоибназар Амирхӯҷа, инчунин раисони судҳои олии иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон роҷеъ ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими судҳои иқтисодӣ ибрози назар намуданд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади тақвияти ҳокимияти судӣ, содагаронии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаолияти мақомоти судии мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул ва татбиқ гардиданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли равон тасдиқ гардидани Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 яке аз онҳост.










Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






