Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Форуми ҷавонон ба Ҳиндустон сафар кард
ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати расмии ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Форуми ҷавонони Ҳиндустону Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар намуд. Тавре аз бахши таҳлилу иттилоотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати расмии ҷавонони Тоҷикистон аз 10 нафар иборат буда, онҳо дар доираи сафар дар як зумра барномаҳои илмию адабӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ иштирок менамоянд.
Бояд гуфт, ки сафари мазкур дар доираи Ёдошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кор бо ҷавонон ва варзиши Ҳиндустон роҳандозӣ гардидааст.
Мақсади асосии форум густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон буда, ҷавонон метавонанд аз наздик бо расму оин ва урфу одатҳои ҳамдигар шинос гарданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари гурӯҳи ҷавонони Ҳиндустон ба Тоҷикистон аз 21 то 27 сентябр сурат гирифта, дар ин муддат меҳмонон дар нахустин Форуми ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон поянда бод» иштирок намуданд.
Форуми ҷавонони Ҳиндустону Тоҷикистон 18 октябр оғоз шуда, то 25 октябр идома меёбад.








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






