Азим Иброҳим: «Тоҷикистон ба маросими ҳаҷ эҳтиром мегузорад, вале риояи талабот ва ҳикмати он, ки тавассути меъёрҳои шаръӣ муқаррар ва муайян шудаанд, шарт ва зарур аст»
ДУШАНБЕ, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Давлати Тоҷикистон ба маросими ҳаҷ ҳамчун яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом эҳтиром мегузорад ва ба ин масъала эътибори хоса медиҳад, вале риояи талабот ва ҳикмати он, ки тавассути меъёрҳои шаръӣ муқаррар ва муайян шудаанд, шарт ва зарур аст. Ин нуктаро дирӯз муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зимни ҷаласаи навбатӣ бо иштироки аъзои Комиссия оид ба ҷамъбасти мавсими ҳаҷи соли 2019 тазаккур дод.
Муовини Сарвазири мамлакат ёдовар шуд, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ барои адои фаризаҳои динӣ, аз ҷумла сафари ҳаҷ ҳамаи шароит муҳайё шудааст ва имсол низ ҳазорҳо нафар шаҳрвандони мамлакат ба зиёрати ҷойҳои муқаддаси ислом тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ рафтанд.
А. Иброҳим таъкид намуд, ки раҳму шафқат ва дастгирии ниёзмандон яке аз масъалаи муҳими ахлоқӣ мебошад, ки дини мубини ислом ва динҳои ҷаҳонӣ риоя ва иҷрои онро воҷиботи имонӣ ва инсонии пайравонашон эътироф кардаанд. Ин муҳимиятро ба инобат гирифта, ҳаҷравандагони имсола ба маблағи зиёда аз 6 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба ятимону маъюбон, оилаҳои ниёзманду шахсони дармонда дасти ёрӣ дароз карданд, ба кӯчаву деҳа об бароварданд ва роҳҳои маҳаллаву деҳотро обод намуданд.
«Хотирнишон бояд кард, ки баъзе шахсон маросими ҳаҷро ба василаи худнамоиву зоҳирпарастӣ табдил дода, бе зарурат се-чор маротиба ва ҳатто зиёда аз ин ба ҳаҷ мераванд. Ин амали онҳо мантиқ ва ҳикмате надорад», — гуфт муовини Сарвазир.
Аз ин нуқтаи назар, ӯ тазаккур дод, ки маблағи ҳаҷи такрориро барои бунёди роҳу кӯчаҳои маҳаллаву деҳаҳо, сохтмони пул, гузаронидани қубури об, таъмиру бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу боғча, бунгоҳи тиббию беморхона, китобхона ва ғайра агар сарф кунанд, соҳиби савоби бузург мегарданд. Ё ҳамчун садақаи ҷория барои дастгирии ятимон равона созанд, дуои хайри ятимон ба арвоҳи гузаштагонашон мерасад.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадор гардидаанд, ки ташкил ва гузаронидани раванди сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, саҳми арзандаи худро барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизамон гузоранд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






