Дар рӯзи сеюми Фестивали байналмилалии «Дидор» филмҳои мустанад манзур гардиданд

Октябрь 18, 2019 13:10

ДУШАНБЕ, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар шаҳри Душанбе  Фестивали байналмилалии «Дидор» идома дорад. Имрӯз, дар рӯзи сеюми  Фестивал  дар Хонаи кино — Кинотеатри «Зебунисо»  бо иштироки муаллифону коргардонҳои дохил ва хориҷи мамлакат  филмҳои мустанад ба тамошо гузошта  шуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар Фестивал, аз ҷумла, аз озмуни филмҳои тоҷикӣ  филми «Ҳаворӣ-2019»-и коргардон Шоҳҷамшед Умарӣ, «Пудина» -и   коргардон  Таҳмина Ҳакимова,  филми «Ҷои беҳтарин дар замин»-и коргардон Рома Буряк, филми коргардон Искандар Усмонов бо номи «Бовар дорам, зиндагӣ мекунам, дӯст медорам»  аз Тоҷикистон ва   аз филмҳои озмуни байналмилалӣ «Духтари Мулло»-и коргардонҳо Ҳасан Сулҳҷӯ ва Маҳдия Содот Мирҳабибӣ аз Британияи Кабир, филми  «Муаллим»-и  коргардон Ибодулло Аҷибоев аз Қирғизистон,  «Тақсир»-и коргардон Камилла Бердимуратова аз Қазоқистон ва филми коргардон  Озода Бизаргитӣ аз Эрон бо номи  «Аҳли об»  ба намоиш гузошта шуданд.

Дирӯз Филми  «Ҳаворӣ-2019», ки аввалин кори коргардонии Шоҳҷамшед Умарӣ  мебошад, пешкаши тамошобинон гардид.

Қаҳрамони  филм зодаи Қрим буда, 10 сол пеш  ба Тоҷикистон омадааст ва бе манзили зист  монда, дар кӯча зиндагӣ мекунад. «Мо филмро се шабонарӯз сабт кардем.  Гурӯҳи эҷодии мо  дар ин рӯзҳо бо  қаҳрамони филм, ки манзили зист надорад ва   дар кӯча зиндагӣ мекунад, ҳамроҳ буд. Ҳамон ғизое, ки ӯ мехӯрд, мо ҳам ҳамроҳаш мехӯрдем. Мақсади  мо ин  буд, ки  ҳаёти қаҳрамони филмро   бо чашмони худ бубинем ва аз азобу машаққати ӯ бохабар бошем,  сахтиҳои ҳастии ӯро  дар худ эҳсос  намоем. То  тавонем, муҳтавои филмро  ба тамошобин    дуруст  расонем ва таваҷҷуҳи ҷомеаро ба  ин мавзӯъ  ҷалб созем», -гуфт Шоҳҷамшед Умарӣ.

Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, офаридани филми мустанад, ки он тасвири воқеии ҳаёт аст, кори осон нест, зеро тамошобини асри 21 –ро  ба андешае муътақид  кардан заҳмати зиёдро тақозо менамояд.

Ш. Умарӣ ҳамчунин зикр кард, ки баргузории ҷашнвораҳои кино, ба монанди  «Дидор» ба рушди кинои тоҷик   мусоидат намуда, барои рӯи кор омадани  мутахассисони ҳирфаӣ  мусоидат менамояд.

Яке аз  тамошобинони ин Фестивал  Нурулло Ҳақназаров гуфт, ки «пас аз тамошои филми «Ҳаворӣ-2019» шахс ба хулосае меояд, ки ҳарчанд қаҳрамони филм дар бораи тарзи зист, манзил, дин, ишқ ибрози андеша мекунад, аммо дар суханҳои  ӯ эътимоди комил эҳсос намешавад. Аммо филм асли воқеиро инъикос карда,  бо касбияти баланд   таҳия  шудааст».

Мавриди зикр аст, ки филмҳои интихобгардида, дар мавзӯъҳои муҳимтарини ҷомеаи имрӯза,  ба мисли мавқеи зан дар ҷомеаи суннатӣ ва тараққикарда, аҳамияти об, ҳолати минтақаҳои кӯҳистон ва мардумшиносӣ офарида шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки  Фестевали байналмилалии «Дидор» то 20 октябр дар Хонаи кино идома меёбад.

 

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2019 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Ҳайати Академияи таҳқиқотии Малайзия бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонии Тоҷикистон шинос мешавад
Олимони ҷавони тоҷик дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони ИДМ иштирок намуданд
Оид ба омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир шуд
Соли 2027 Душанбе мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Малайзия баррасӣ шуд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон идома доранд