Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи милитсия мусобиқаи волейбол баргузор гардид

Октябрь 30, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 30.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 28 октябр дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи милитсия, ки ҳамасола дар мамлакат 10 ноябр ҷашн гирифта мешавад, мусобиқаи волейбол байни ҷузъу томҳои қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар вилояти Хатлон  баргузор гардид. Дар  мусобиқаи мазкур  15  даста  ширкат варзиданд. Дар он дастаи волейболбозони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъ ҷойи аввалро ишғол намуд. 

Тавре аз  маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, дар ин  мусобиқаи варзишӣ, ки миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ маҳбубияти хосса дорад, дастаи шуъбаи  ВКД дар ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 3:1 дастаи волейболбозони  таъйиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлобро мағлуб сохта, ҷойи аввалро ишғол намуд.

Ҷойи дуюм насиби дастаи ДТММ гардид. Дастаи ШВКД дар ноҳияи Ховалинг дастаи Коллеҷи милитсияи шаҳри Кӯлобро  бо ҳисоби 3:1 мағлуб сохта,  ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гашт.

Аз ҷониби созмондиҳандагони мусобиқа   ба дастаҳои ғолиб мукофот ва туҳфаҳо  тақдим гардиданд.

Октябрь 30, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд