Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 07.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни дастаҳои футболи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ва Сурия хеле ҷолиб баргузор гардид. Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар даври ниҳоӣ бар дастаи мунтахаби ҷавонони Сурия бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягонаро дар дақиқаи 23-юми дидор Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонид. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» се ғалаба ба даст оварда, ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт.
Хотиррасон менамоем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ду даври қаблӣ бар дастаҳои мунтахаби Малдив (9:0) ва Лубнон (1:0) ғалаба кард. Бо гирифтани 9 холи имконпазир футболбозони дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» ҷои аввалро ишғол карда, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020, ки соли оянда дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд. 14 дастаи иштирокчии дигари марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 10 ноябр, пас аз анҷоми марҳилаи интихобӣ дар 10 гурӯҳи боқимонда маълум мегарданд.
| Б | Ғ | М | Б | Т/Т | Х | ||
| 1 | ТОҶИКИСТОН | 3 | 3 | 0 | 0 | 11-0 | 9 |
| 2 | Лубнон | 3 | 1 | 1 | 1 | 3-2 | 4 |
| 3 | Сурия | 3 | 1 | 1 | 1 | 4-4 | 4 |
| 4 | Малдив | 3 | 0 | 0 | 3 | 2-14 | 0 |
Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 19-сола
Гурӯҳи «С». Бозии даври 1-ум
Тоҷикистон– Малдив – 9:0
Голҳо: Шарифбек Раҳматов, 4 (1:0). Манучеҳр Сафаров, 9 (2:0). Шаҳром Самиев, 13 (3:0). Шаҳром Самиев, 21 (4:0). Ислом Зоиров, 36 (5:0). Ислом Зоиров, 42 (6:0). Шаҳром Самиев, 46 (7:0). Ибраҳим Дхаисам, 76 – (худгол) (8:0). Шарифбек Раҳматов, 88 (9:0).
Мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола
Гурӯҳи «С»
Бозиҳои даври 1-ум
2 октябр (чоршанбе)
16:00. Сурия 1:1 Лубнон
19:00. Тоҷикистон 9:0 Малдив
Бозиҳои даври 2-юм
4 октябр (ҷумъа)
16:00. Малдив 2:3 Сурия
19:00. Лубнон 0:1 Тоҷикистон
Бозиҳои даври 3-ум
6 октябр (якшанбе)
16:00. Лубнон 2:0 Малдив
19:00. Тоҷикистон 1:0 Сурия
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт






