«Дирафши Коваёнӣ» дар Фестивали байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби Шоҳҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 21.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Намоиши «Дирафши Коваёнӣ»-и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов дар Фестивали байналмилалии театрҳо миёни чор давлати Осиёи Марказӣ Шоҳҷоизаи асосӣ ба даст овард.
Фестивали мазкур аз 15 то 19 октябр дар Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Жезказгани Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида, ба хотираи Арбоби шоистаи Қазоқистон, яке аз асосгузорони театри Жезказган, коргардон Ҷанат Хаҷиев бахшида шуда буд.
Дар фестивал гурӯҳҳои театрӣ аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, инчунин аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии фестивали мазкур рушди санъати театрӣ, таҳкими робитаҳо миёни театрҳои кишварҳои гуногун ва дарёфти чеҳраҳои нав мебошад.
Намоиши «Дирафши Коваёнӣ»-и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали мазкур ҳам аз ҷониби тамошобинон ва ҳам аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳои арзанда гирифт.
Мавриди зикр аст, ки намоиши «Дирафши ковиёнӣ» аз рӯи асари «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар таҳияи коргардони шинохта Нозим Меликов рӯи саҳна омада, дар Тоҷикистон низ дар доираи касбӣ ва миёни ҳаводорони санъати театрӣ маҳбубият пайдо кардааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2017 «Дирафши коваёнӣ» сазовори Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» гардида буд.









Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






