Идигул Қосимзода: Хизматҳои арзандаи занон дар роҳи расидан ба сулҳ ва зиндагии шоиста аз мардон камтар набуд
ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони сулҳофар бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар он занони сиёсатмадори собиқадор ва собиқ иштирокчиёни иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолзанон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, шоираҳои ширинкалом, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун бо масъулияти баланд хизмат намуда, имрӯз низ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо доранд, иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода зимни ҳамоиш иброз намуд, ки Шӯрои занон оид ба таҳкими сулҳ ва сулҳоварӣ аз соли таъсис дар назди Кумита, яъне аз соли 2016 то инҷониб ҳамасола Рӯзи байналмилалии занони сулҳофарро бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос ҷашн мегирад.
Мавсуф таъкид намуд, ки “хизматҳои арзандаи занону бонувон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва зиндагии шоиста аз мардон дида камтар набуд. Имрӯз мо дар фазои сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат зери парчами дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолият дорем”.
Зимни ҳамоиш занону бонувони фаъол ва аъзои Шӯрои занони Кумита иброз доштанд, ки саҳми Шӯро дар решакан намудани ифротгароӣ ва мубориза бо таассубу хурофот, ки имрӯзҳо яке аз масъалаҳои доғи рӯз буда, омили таҳдидкунандаи амнияту оромии мамлакат мебошанд, чашмрас аст.
Раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Рӯдакӣ Рафиқа Мӯсоева гуфт, ки баробари пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи ифротгароёна зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус расму ойинҳои миллӣ ва тарзи либоспӯшии мардуми мо аъзои Шӯрои мазкур корҳои тарғиботию ташвиқотиро васеъ ба роҳ монда, зимни мулоқоти худ бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа роҳҳои пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлубро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Ҳамчунин шоира, роҳбари ташкилоти “Армуғони сулҳ” Хосият Вализода иброз намуд, ки занони тоҷик дар қатори модарони тамоми дунё пайваста дар андешаи оромӣ, сулҳ, амнияти фарзандони хеш ва дигар сокинони ҷумҳурӣ мебошанд. Аммо, мутаассифона, имрӯз заноне ҳастанд, ки ба терроризму экстремизм пайваста, ба шаъни зан-модар иснод меоваранд. Бо чунин афроде, ки шояд аз надоштани саводи комил ё зӯроварии оилавӣ ба ин роҳ мераванд, бояд пайваста суҳбатҳо анҷом бидиҳем, зеро зан набояд ҷангҷӯ, балки сулҳовар бояд бошад.
Шоираи ширинкалом Хосият Вализода гуфтаҳои хешро бо ин шеъраш тақвият бахшид:
Одамон дигар бас аст ҷангу ҷидол, эҳсон кунед,
Ҳар дили озурдаро лутфан баҳористон кунед.
Кинаҷӯву бад набошед, ошиқи некӣ шавед,
Дар ҳама аҳволи ҳастӣ дӯстро пурсон шавед.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш аз ҷониби Шӯрои занон оид ба таҳкими сулҳ ва сулҳоварӣ дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодоте, ки ба манфиати суботи ҷомеа буданд, ба Раиси Кумитаи мазкур пешниҳод гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 25 октябр Рӯзи байналмилалии занони сулҳофар таҷлил мегардад. Ин рӯз дар доираи ҳафтаи амалҳо барои халъи силоҳ (24-31 октябр) дар тамоми ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии муборизаи занон барои сулҳ ҷашн гирифта мешавад. Санаи мазкур соли 1980 аз ҷониби Федератсияи байналмилалии демократии занҳо (ФБДЗ) муайян карда шудааст. Бахшида ба ин сана дар тамоми ҷаҳон барномаҳои гуногун, чун аксия, конференсия ва фестивалҳо гузаронида мешаванд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»








ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд






