Имрӯз дар доираи Фестивали «Дидор» муаррифии кинои мустанади муаллифии ҷаҳон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар чаҳорчӯби баргузории Фестивали байналмилалии «Дидор» дар толори бузурги Хонаи кино -кинотеатри «Зебунисо» муаррифии кинои мустанади муаллифии ҷаҳон баргузор мешавад.
Дар он филми коргардонҳо Фазила Амирӣ бо номи “Ҳунарпешаи беном” ва Саҳро Мусавӣ-Монӣ бо номи “Ҳазор духтаре мисли ман” аз Афғонистон, филми коргардон ва тарроҳ Марҷон Риаҳӣ аз Эрон бо номи “Бе бозгашт”, филми “Паша”-и коргардон Эмин Эфендиев аз Озарбойҷон, “Умар -ако”-и коргардон Далери Эмомалӣ, филми коргардон Шоҳҷамшед Умарӣ бо номи “Ҳаворӣ”, филми коргардон ва филмбардор Таҳмина Ҳакимова бо номи “Пудина”, филми “Ҷои беҳтарин дар замин”-и коргардон Рома Буряк, филми коргардон Искандар Усмонов бо номи “Бовар дорам, зиндагӣ мекунам, дӯст медорам” аз Тоҷикистон ва “Уз Рок”-и коргардон Арслан Велиев аз Ӯзбекистон ба тамошо гузошта мешаванд.
Тавре пештар иттилоъ дода будем, дар Фестивали байналмилалии «Дидор» наворбардор ва коргардони филмҳои мустанад Г. Дзалаев (Тоҷикистон), доктори илмҳои ҳунаршиносӣ, киношинос Г. Абикеева (Қазоқистон) ва мудири иҷроияи IRIB MEDIF TRADE оид ба дистрибутсия Алиризо Шоҳрухӣ (Эрон) ҳакамони фестивали мазкур интихоб гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал то 20 октябр дар шаҳри Душанбе идома ёфта, дар он 57 филми мустанад ба намоиш гузошта мешаванд. Аз ҷумла, 15 филми байналмилалии озмунӣ, 8 филми озмунии тоҷикӣ, 11 филми ғайриозмунии байналмилалӣ ва тоҷикӣ манзури тамошобинон мегарданд.









«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






