Имрӯз дар Марокаш Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон шурӯъ мегардад
ДУШАНБЕ, 16.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 октябр дар Марокаш Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонони то 21- сола шурӯъ гардида, то 20 октябр идома меёбад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар чемпионати мазкур 517 нафар варзишгарон (294 мард, 223 зан) аз 81 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд, ки миёни онҳо варзишгарони тоҷик низ ҳастанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар ба Марокаш сафарбар гардид, ки дар 3 вазн миёни мардон гӯштин мегиранд: Ҷамолиддин Абдуллоев, Идибек Сафаров (-66кг), Сомон Маҳмадбеков, Қоим Шукронов (-73кг), Абубакри Акобир, Эмомризо Анварзода (-90кг).
Хотиррасон менамоем, ки Чемпионати мазкур аз рӯи 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон), ҳамчунин қувваозмоии даставии омехта сурат мегирад.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом бо ҷоизапулӣ: ҷои аввал — 2500 доллари ИМА, ҷои дуюм – 1500 доллар, ҷойҳои сеюм – 850 долларӣ қадрдонӣ мешаванд.
Барномаи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон:
16.10.2019
Бонувон: -48кг, -52кг; мардҳо: -60кг, -66кг
17.10.2019
Бонувон: -57кг, -63кг; мардҳо: -73кг
18.10.2019
Бонувон: -70кг; мардҳо: -81кг, -90кг
19.10.2019
Бонувон: -78кг, +78кг; мардҳо: -100кг, +100кг
20.10.2019
Қувваозмоиҳои даставӣ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






