Имрӯз дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Ливан бо ҳам бозӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 04.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр, соати 19:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи «С» байни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони то 19- солаи Тоҷикистон ва Ливан баргузор мегардад. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бозии нахустини хешро дар гурӯҳи «С» 2 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо дастаи мунтахаби ҷавонони Малдив баргузор намуда, ба дарвозаи ҳарифи хеш 9 голи беҷавоб зад.
Бозӣ аз аввал то анҷом пурра дар дасти футболбозони тоҷик буд, ки аз фурсати муносиб истифода карда, 9 маротиба тӯбро вориди дарвозаи рақиби хеш намуданд. Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби ҷавонони яккачини то 19-солаи Тоҷикистон бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 19- соларо бо ҳисоби калон оғоз намуд.
Футболбозони ҷавонони тоҷик бозии дуюми худро ба муқобили дастаи мунтахаби ҷавонони Лубнон доир мекунанд.
Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 19-сола
Гурӯҳи «С». Бозии даври 1-ум
Тоҷикистон– Малдив – 9:0
Голҳо: Шарифбек Раҳматов, 4 (1:0). Манучеҳр Сафаров, 9 (2:0). Шаҳром Самиев, 13 (3:0). Шаҳром Самиев, 21 (4:0). Ислом Зоиров, 36 (5:0). Ислом Зоиров, 42 (6:0). Шаҳром Самиев, 46 (7:0). Ибраҳим Дхаисам, 76 – (худгол) (8:0). Шарифбек Раҳматов, 88 (9:0).
Мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола
Гурӯҳи «С»
Бозиҳои даври 1-ум
2 октябр (чоршанбе)
16:00. Сурия 1:1 Лубнон
19:00. Тоҷикистон 9:0 Малдив
Бозиҳои даври 2-юм
4 октябр (ҷумъа)
16:00. Малдив – Сурия
19:00. Лубнон – Тоҷикистон
Бозиҳои даври 3-ум
6 октябр (якшанбе)
16:00. Лубнон – Малдив
19:00. Тоҷикистон – Сурия
Ёдовар мешавем, ки макони баргузории марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола ҳанӯз муайян нашудааст. Агар мизбони Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм шомил гардад, он гоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо мекунад.
Таркиби гурӯҳҳои қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Ироқ (мизбон), Уммон, Фаластин, Кувайт, Покистон.
Гурӯҳи «В»: Қатар (мизбон), Яман, Туркманистон, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «С»: Тоҷикистон (мизбон), Сурия, Лубнон, Молдив.
Гурӯҳи «D»: Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Эрон (мизбон), Қирғизистон, Непал.
Гурӯҳи «Е»: Урдун, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Бутан.
Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Афғонистон.
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: Тайланд, Малайзия, Камбоҷа (мизбон), Бруней, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ.
Гурӯҳи «Н»: Австралия, Тайбэйи Чин (мизбон), Макао, Лаос.
Гурӯҳи «I»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Мянмар (мизбон), Сингапур.
Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Ветнам (мизбон), Муғулистон, Гуам.
Гурӯҳи «К»: Индонезия (мизбон), Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ.








Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад






