Истифодаи технологияи рақамӣ омили рушди низоми бонкист

Октябрь 4, 2019 11:03

ДУШАНБЕ, 04.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии аҳолии мамлакат дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мутахассиси калон оид ба соҳаи молияи Бонки ҷаҳонӣ Маргарет Миллер дар Душанбе баррасӣ гардид.

Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути низомҳои пардохтии электронӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва рушди бонкдории мобилӣ, зиёд гардидани миқдори суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзиро  матраҳ намуданд.

Бо дахли иштироки фаъолонаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар раванди таҳияи «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр кард, ки таҳияи стратегияи мазкур саривақтӣ буда, метавонад ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат нақши муассир гузорад. Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати фарогирии молиявии аҳолӣ пешниҳоди имтиёзҳо дар самти вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар низоми бонкӣ, ҷалби пасандозҳо, амонатҳо ва баланд бардоштани маърифатнокии молиявии мардумро амалӣ намуда истодааст.

Маргарет Миллер зикр кард, ки оғози раванди таҳияи «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ» барои Тоҷикистон муҳим буда,  истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба манфиат хоҳад буд. Маргарет Миллер аз сатҳи баланди истифодаи технологияҳои муосири мобилӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, таъкид намуд, ки татбиқи технологияи рақамӣ барои рушди низоми бонкӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии молиявии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Октябрь 4, 2019 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Бунёди «Комбинати металлургии Тоҷик» рамзи иқтидори рӯзафзуни иқтисодии мамлакат аст»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро ба сармоягузорӣ дар истеҳсолот ва коркарди ашёи хоми ватанӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: ««Барномаи рушди металлургияи сиёҳ барои солҳои 2027–2035» таҳия карда шавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон бояд аз кишвари истихроҷкунандаи маъдан ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти металлӣ табдил ёбад»
Талаботи Тоҷикистон ба филизоти сиёҳ то соли 2035 ба беш аз 2,3 миллион тонна мерасад
Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургияи сиёҳ сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон аст»
Дар шаш моҳи соли равон 691,1 миллион дона тухм ва 21,1 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҷмааи металлургии Тоҷикистон даҳҳо корхона ва ҳазорон ҷойи нави кор таъсис медиҳад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургия яке аз афзалияти сиёсати саноатии давлат аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон нахустин маҷмааи мукаммали металлургияи сиёҳ бунёд мегардад»
Дар Тоҷикистон суръати интернети мобилӣ панҷ баробар афзоиш ёфтааст