Кадом гӯшт фоидаовар аст — сурх ё сафед? Гӯшти аз ҳама зараровар барои организми инсон муайян карда шуд

Октябрь 3, 2019 11:53

ДУШАНБЕ, 03.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бисёр нафарони ҷонибдори ғизои дуруст ҳамеша ба худ савол медиҳанд: кадом намуди гӯшт фоидаовар аст — сафед ё сурх? Мухбири АМИТ «Ховар» бо ишора ба маводи расонаҳои хориҷӣ кӯшиш кардааст, ки инро муайян кунад.

Гӯшти аз ҳама зарарнок барои саломатии инсон – ин гӯшт бо  муддати тӯлонии истеъмол мебошад,- арз намуд мутахассиси ғизо, физиотерапевт аз Москва Марина Ваулина.

Ба гуфтаи вай, аз ҷумла истеъмолкунандагон бояд аз навъҳои ба ном «элита» -и гӯшти воридшаванда эҳтиёт кунанд.

«Чӣ қадар муҳлати нигоҳдории он зиёд бошад,  ҳар қадаре, ки кишвари истеҳсолкунанда дур бошад, ҳамон қадар муҳлати интиқоли он зиёдтар тӯл мекашад, ҳамон қадар моддаҳои кимиёвии номатлуб — консервантҳо дар маҳсулот бештар мешаванд. Воқеият он аст, ки онҳо ин маҳсулотро чанд маротиба ях карда, боз дубора об мекунанд. Организми инсон аз ин ягон  фоидаи хуб намегирад»,-гуфт ӯ.

Корманди тиб илова кард, ки «таоми пурлаззат» — ро низ истифода бурдан мумкин аст, вале ҳама чиз меъёри худро дорад. Инчунин ӯ маслиҳат дод, ки гӯштро аз ҳад зиёд напазанд, ба он намаку равғани бисёр илова нанамоянд ва дар яхдон муддати тӯлонӣ пас аз об кардан нигоҳ надоранд.

Ваулина таъкид намуд, ки организми инсон гӯштҳои қоз, мурғобӣ ва инчунин гӯсфанду хукро ба душворӣ ҳазм мекунад, аммо хотиррасон кард, ки ин аз усули тайёр кардан ва мунтазам истеъмол намудани  хӯрок вобаста аст. Ҳамин тавр, гӯшти парҳезӣ бо сабзавот беҳтар ҳазм мешавад, вале дар сихкабоб баръакс, зарраҳои дуд ва маводи кансерогенӣ мавҷуданд, афзуд корманди тиб.

Гӯшти сурх – ин чӣ хел гӯшт аст?

Гӯшти сурх – ин гӯшти асп, гов, гӯсфанд ва хук мебошад. Гӯшти гов – ин навъи маъмултарини гӯшт аст. Аммо тасдиқи пурраи ин ки он сурх аст, баҳснок мебошад. Агар ҷонвар ҷавон бошад, гӯшти он равшантар аст. Бо мурури замон гӯшти он тиратар мешавад. Ҳамин тавр, гӯшти ҷонвари яксоларо метавон гӯшти сафед номид.

Чаро гӯшт ранги муайян дорад?

Миоглобин ба гӯшт ранг медиҳад. Ин як намуди сафедаи мушакҳои дил ва скелет мебошад. Дар ҳама мушакҳо миоглобин мавҷуд аст, аммо ба миқдори гуногун. Ин сафеда бо роҳҳои гуногун бо оксиген пур карда мешавад. Ранги муайяни гӯшт маҳз аз ҳамин вобаста аст. Инчунин ба ранги он синни ҷонвар ва сатҳи гашту гузор таъсир мерасонад. Барои ҷонварони ҷавон навъи хӯрок бениҳоят муҳим аст. Аксар вақт, гӯшти ҷонвари нарина нисбат ба модина сурхтар аст. Агар мушакҳои ҳайвон беҳтар рушд ёбанд, гӯшти он ранги бойтар хоҳад дошт. Миоглобин дар зотҳои ҷавон хеле кам аст.

Оё гӯшти сурх зарарнок аст?

Кадом навъи гӯшт ба гӯшти сурх тааллуқ дорад? Оё он ба организм фоида меорад? Одатан фикр мекунанд, ки он дар ҳақиқат зарарнок аст, ки дар он холестерин зиёд буда, инчунин он серравған аст. Ҳангоми тайёр намудани таом аз гӯшти сурх холестерин ҷудо мешавад, ки он бемории онкологиро бармеангезад. Одатан гӯшти сафед муфид эътироф шудааст. Диетологҳои Амрико як қатор таҷриба ва таҳқиқот гузаронданд. Онҳо исбот кардаанд, ки гӯшти сурх зарар дорад. Аммо дертар ин фикри онҳо инкор гардид. Қисми зиёди таҳқиқот дар ИМА гузаронида шудаанд. Дар ин ҷо одамон стейки болаззатро аз гӯшти гов дӯст медоштанд. Маҳз дар он метавонад кансероген вуҷуд дошта бошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки гӯшти говро бояд пурра инкор намуд. Агар шумо гӯшти сурхро дӯст доред, намудҳои камравғани онро истеъмол кунед. Дар натиҷа хатарро нисбатан камтар кардан мумкин аст. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки чӣ гуна онро тайёр мекунед. Масалан лӯлакабоб аз гӯшти қимаи камравған, ки он дар болои ангишти тафсон тайёр карда шудааст, нисбат ба гӯшти серравған, ки дар  равғани зиёд бирён шудааст, фоиданоктар аст.

Оё гӯшти сурх ҳангоми парҳез иҷозат дода шудааст? Агар инсон парҳезии махсусро риоя кунад, ки ҳангоми он  ба организм холестерин бояд кам ворид шавад, бояд гӯшти хук, гӯсфанд ва гов нахӯрад. Роҳи беҳтарин —  намудҳои камравғани гӯшт  – мурғ, моҳӣ, гӯшти биқини хук, гӯшти гӯсола мебошанд. Инчунин парҳезҳое вуҷуд доранд, ки гӯшти сурхро истисно мекунанд. Дар ин ҳолат танҳо гӯшти мурғи марҷон, мурғ ва моҳиро бояд истеъмол кард. Беҳтараш онҳо обпаз бошанд.

Кадом гӯшт сурх аст, кадомаш сафед? Парандаҳо ҳарду намудашро доранд. Қанотчаҳо ва қафаси сина – сафеданд; пойи мурғ, ки ҳама онро дӯст медоранд – сурх аст. Ин ба гӯшти мурғи марҷон низ тааллуқ дорад. Инчунин гӯшти камравғани хук низ сафед мебошад. Масалан гӯшти биқин. Аммо қисми зиёди гӯшти хук сурх мебошад. Дар он назар ба моҳӣ ва гӯшти мурғ сафедӣ зиёдтар аст.

Диетологҳо мегӯянд, ки дар гӯшти сафед сафедӣ ниҳоят кам аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки фоидаи он камтар аст. Агар инсон хоҳад, ки вазнашро партояд, миқдори холестеринро дар организм коҳиш диҳад ва дуруст хӯрок истеъмол намояд, бояд гӯшти сафедро интихоб намояд.

Октябрь 3, 2019 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид
5 июн дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаи таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳокима шуд
Маъракаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар шаҳри Ваҳдат амалисозии «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» баррасӣ гардид
Дар вилояти Суғд маъракаи даъвати баҳорӣ анҷом ёфт
5-6 июн дар шаҳри Гулистон ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор хоҳад шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Тоҷикистон дар мубориза бо маводи мухаддир устувор аст
«КӮКНОР-2023». Имрӯз дар вилояти Суғд амалиёти пешгирикунанда оғоз мегардад
Кормандони шуъбаву хадамоти фаврии мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон малакаи касбияшонро баланд мебардоранд
«КӮКНОР-2023». Дар вилояти Суғд амалиёти пешгирикунанда гузаронида мешавад
ҒАСБИ ХУДСАРОНАИ ЗАМИН ҶАВОБГАРИИ ҶИНОӢ ДАР ПАЙ ДОРАД. Иттилоияи Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ин маврид

Маводҳои таҳлилӣ