«Лек шеъри бузурги тоҷикро, ҳеҷ кас мисли ту нахоҳад хонд…». Дар Театри давлатии ҷавонон спектакли «Дирафши ковиёнӣ» намоиш дода мешавад

Октябрь 9, 2019 11:41

ДУШАНБЕ, 09.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 10 октябр дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба ифтихори 80-солагии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Маҳмудҷон Воҳидов намоиши «Дирафши ковиёнӣ» манзури тамошобинон гардонида мешавад.

Намоиши «Дирафши ковиёнӣ» аз рӯи асари «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи коргардони шинохта Нозим Меликов ба саҳна гузошта мешавад.

Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарманди маъруфу боистеъдоди тоҷик мебошад, ки хеле ҷавон саҳнаи ҳунарро тарк намуд. Инак 42 сол мешавад, ки дар сӯги ӯ менависанд ва ин солҳо захми набудани ӯ дар қалби ҳаводорони санъати асил ҳанӯз ҳам шифо наёфтааст. Аҳли театрҳои ҷумҳурӣ пайваста аз ӯ ёд мекунанд. Ва ҳамин гуна солҳову даҳсолаҳо дар ёду хотири миллат ӯ 38-сола боқӣ мемонад.  Лоиқ Шералӣ баъди марги фоҷиавии Маҳмудҷон бо сӯзу гудоз навишта буд:

Дӯстам, дӯсти сухангӯям,
Баъди ту ҳам ҷавонӣ хоҳад монд.
Лек шеъри бузурги тоҷикро,
Ҳеҷ кас мисли ту нахоҳад хонд.

Маҳмудҷон Воҳидов 10 октябри соли 1939 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ӯ баъд аз хатми Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарский (ГИТИС) – и шаҳри Москва соли 1960 фаъолияти эҷодиашро аз Театри ба номи Пушкин, ҳозира Хоҷа Камоли шаҳри Хуҷанд оғоз намуд. Аз соли 1961 то охири умраш ба сифати ҳунарпешаи Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А.Лоҳутӣ фаъолият намуд.

М.Воҳидов қувваи ҷозибае дошт, ки бинандаро зуд ба худ ҷалб мекард. Ӯ сар то по истеъдод буд ва ҳунари нақшофарӣ, шеърхонӣ, коргардонӣ, сенария ва мақоланависӣ дошт. Мавсуф мақолаҳои зиёде дар бораи устодон навишта, таассуроти  сафарҳои худро иншо кардааст. Бо адибон, хосса бо устод Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ, бо сарояндаҳо Одина Ҳошим ва Ҷӯрабек Муродов муносибатҳои қавии ҳамкорӣ  ва ҳамфикрӣ дошт.

Шодравон Одина Ҳошим дар бораи ӯ гуфта буд, ки «Маҳмудҷон ҷуз хизмати халқу диёр фикри дигаре надошт. Ҳама вуҷуди ӯ санъат буд. Ӯ як рукни хеле бузурги санъати халқро обод дошта буд, акнун ин гӯша холӣ мондааст. Вале наслҳо ба хотири  ӯ ин гӯшаро  пур мекунанду ёди ӯро зинда медоранд. Ман бошам ӯро ҳамеша бо шеърҳои Ҳофиз ёд мекунаму ёдашро ҳам ба шеърҳои Ҳофиз месупорам».

Маҳмудҷон Воҳидов дар айни камолоти эҷодӣ, дар синни 38 вафот кардааст.

Беҳтарин образҳои офаридаи ӯ Митя аз «Камбағалӣ айб нест»-и Н.А. Островский, Незнамов аз «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и Н.Островский, Ромео аз «Ромео ва Ҷуллйета»- и Шекспир, Бейли аз «Ҳуррият»-и Ғанӣ Абдулло, Азиз аз «Дуэл»-и М.Бойчиев, Рӯдакӣ аз «Рӯдакӣ»-и С.Улуғзода, Ясон аз «Мидея»-и Еврипид, Эзоп аз «Эзоп»-и Фигерейдҳо, Хизирхон аз «Фарёди ишқ»-и Ғанӣ Абдулло мебошанд.

Ҳунарпеша неруи эҷодиашро дар соҳаи кино низ озмуда, дар ин намуди санъат ҳам мавқеи хосса пайдо кард. Ҳангоми ба ин ҳунар рӯй овардани ӯ давраи пешравии кино тоҷик оғоз гардида буд.

Шодравон М.Воҳидов дар кино чунин нақшҳоро офаридааст. Шариф аз филми «Зумрад», Раҷаб аз  «Ҳасани аробакаш», котиби кумитаи ҳизбӣ аз «Ҷӯра- Саркор», Тӯлод аз «Достони Рустам», Тӯлод аз  «Рустам ва Сӯҳроб», Аҳмади Дониш аз «Ситораи шабистон», Сулаймон аз «Як умр кифоя нест», Махдум аз «Ҳеҷбудагон  ҳар кас шуданд», Дарвеш аз «Ишқи аввалини Насриддин» беҳтарин нақшҳои офаридаи ӯ мебошанд.

Маҳмудҷон Воҳидов аввалин ва ягона ҳунарпешае буд, ки дар кишварҳои  Осиёи Миёна театри як актёрро барпо намуд. Ӯ се намоишро ба ҳайси муаллифи сенария, коргардон ва иҷрокунанда рӯйи саҳна овардааст. Инҳо «Гуфтугӯ бо худ» — мунтахаби   рубоиёти  Умари Хайём, «Ватан ва фарзандон» — мунтахаби ашъори шоирони муосири тоҷик ва «Ишқи зиндагӣ» — мунтахаби ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ буданд.

Ӯ дорандаи  Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ буда, соли 1973 барои иштирок дар кинофилми «Достони Рустам» бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Маҳмудҷон дар умри кӯтоҳ, вале чун ситораи саҳарӣ рахшони худ ба одамон хидмат карданро қарзи худ донист. Ин ҳаёти  бобаракат, ҳиссиёти  амиқи ба умум маълум карда тавонистани сӯзу гудоз ва  садоқати бепоёнаш ба санъатро нишон медиҳад. Бале, он касе, ки рӯҳи халқро бедор мекунад, ҳаргиз намемирад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ин фарзанди фарзонаи миллат дар шаҳри Душанбе Театри давлатии ҷавонон, дар ноҳияи Ашт Боғи фарҳангӣ ва  Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драмавиро номгузорӣ кардааст.

Инчунин Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019» имсол ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов бахшида шуд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

 

 

 

Октябрь 9, 2019 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид