Меъёрҳои забони тоҷикӣ дар ВАО: оё онҳо риоя мешаванд?
ДУШАНБЕ, 31.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Забон шиносномаи ҳар қавму миллат буда, нақши он дар муаррифии фарҳанги муоширати ҷомеа бузург ҳаст.
Имрӯз барои бо забони тоҷикӣ бе ғалат гуфтугӯ намудан дар баробари нашри китобҳои махсуси соҳавӣ ҳамчунин нақши воситаҳои ахбори омма (ВАО) – и тоҷик низ чун ниҳоди муҳими ташаккулдиҳандаи дониши ҷомеа дар тарғиб ва истифодаи бомавриди калимаву ибораҳои тоҷикӣ назаррас аст.
Зеро таваҷҷуҳи ҷомеа дар ҳама давру замон ба иттилоъ, ки фарогирандаи ибораву калимаҳои оммафаҳми забони тоҷикӣ мебошад, зиёд аст. Аммо ба андешаи коршиносони соҳа, имрӯз ВАО –и тоҷик ҳамчун тарғибгари забони ноби тоҷикӣ дар навбати худ ниёз ба ислоҳи нуқсонҳои забонӣ дорад.
Камбудиҳои ҷойдошта дар забони ВАО-и мамлакат ва шарҳи бештари ин ва дигар паҳлӯҳои мавзӯъро дар барномаи таҳлилии «Бозтоб» аз радиои «Ховар»1 ноябр, соати 13:30 (асл) ва (такроран) 20:30, рӯйи мавҷи 101,5 Fm дар таҳияи муҳаррир ва масъули барнома Манижа Баҳромзода бишнавед.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






