Миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Москва байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия оид ба пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани амалиёти шубҳаноки молиявӣ аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ Созишнома ба имзо расонида шуд.
Санади мазкурро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Сардори Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия Владимир Булавин ба имзо расониданд.
Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамзамон байни мақомоти гумурки Тоҷикистон ва Россия Протокол оид ба мубодилаи ҳуҷҷатҳо ва маълумот доир ба арзиши гумрукии молҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия интиқолёбанда имзо гардид.
Гуфта мешавад, ки имзои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити мусоидро ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани амалиёти шубҳаноки молиявӣ марбут ба саркашӣ аз андозситонӣ, даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом, дастрасии маълумот оид ба мубодилаи иттилооти зарурӣ, ки барои муайян ва назорат намудани арзиши гумрукии молҳо заруранд, фароҳам меорад.
Инчунин он ба омӯзиши мушкилиҳои ҷойдоштаи алоқаманд ба муайянкунии эътимоднокии иттилоот оид ба моли воридотӣ, аз ҷумла ҳангоми назорати арзиши гумрукӣ мусоидат менамояд.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






