Ғолибони рӯзи дуюми Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуданд
ДУШАНБЕ,04.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланду хотирмон идома дорад. Дар рӯзи дуюми ин мусобиқаи байналмилалӣ довталабони зиёд аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳунар озмуданд. Дар ин бора шореҳи варзиш Каримхон Бекматов ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, баъд аз рақобатҳои шадид ба даври ниҳоии вазни то 66 кг паҳлавони шинохтаи тоҷик Ёқубҷон Боқиев ва намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азамат Мадяқубов роҳхат гирифтанд. Дар ин рақобат варзишгари тоҷик Ёқубҷон Боқиев аз ҳарифи ӯзбекистонии хеш шикаст хӯрда, мақоми дуюмро ишғол намуд. Паҳлавони 23-солаи ӯзбек Азамат Мадяқубов соҳиби медали тиллои вазни 66 килои мусобиқаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар соли 2019 гардид. Ҷойҳои сеюми вазни мазкурро Раҳматулло Сатторов ва Орифҷон Додов аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварданд.
Ҳамчунин дар рӯзи дуюми мусобиқаи мазкур рақобатҳо дар вазни 73 кг низ сурат гирифтанд. Барои ишғоли мақоми сеюм паҳлавони Тоҷикистон Наврӯз Каримзода бо Шоҳрӯз Бердиев аз Ӯзбекистон ба рӯи татамӣ баромаданд. Дар натиҷа намояндаи Ӯзбекистон пирӯз гардида, мақоми сеюмро ба даст овард. Нишони биринҷии дуюми вазни 73кг-ро Мирзоҷамил Рамазонов соҳиб гардид.
Дар даври ниҳоии вазни мазкур паҳлавони тоҷик Раҳматулло Фарҳодов бар ҳамтои ӯзбекаш Комронбек Олтибоев дастболо гардида, соҳиби нишони тилло гардид.
Ҷоми Президенти Тоҷикистон 2019 оид ба дзюдо.
Рӯзи дуюм
-66кг
- Азамат Матяқубов (Ӯзбекистон)
- Суҳроб Боқиев (Тоҷикистон)
- Раҳматулло Сатторов (Тоҷикистон)
- Ориф Додов (Тоҷикистон)
-73кг
- Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон)
- О. Нумонов (Ӯзбекистон)
- Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон)
- Шоҳрӯз Бердиев (Ӯзбекистон)
Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҳафтум аст, ки дар сатҳи баланд баргузор мегардад ва он бори аввал дар вилояти Суғд доир шуда истодааст. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 200 нафар варзишгарони кишварҳои минтақа иштирок доранд. Мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи ҳафт категорияи вазнӣ миёни мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг гузаронида шуда,аз рӯзи 2 то 5 октябри соли равон идома меёбад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






