ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БОРАИ СОҲИБКОРИ ТОҶИК, КИ ДАР АМРИКОИ ЛОТИНӢ КОРУ ЗИНДАГӢ МЕКУНАД, БО ИФТИХОР СУХАН ГУФТАНД. Саид Толибов дар Эквадор тиҷорати худро ба роҳ монда, барои 30 кишвар гули садбарг парвариш менамояд

Октябрь 4, 2019 17:39

ДУШАНБЕ, 04.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни суханронии худ Пешвои миллат дар бораи аҳамияти ҳифз ва инкишофи забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ таъкид карда, аз  чанде аз намояндагони  ин фарҳанг ва ин забонро, ки дар ташаккули нуфузи Тоҷикистон дар хориҷа саҳми назаррас гузоштаанд, ёдовар шуданд.

Аз ҷумла, Сарвари давлат дар бораи сохибкори тоҷик Саид Толибов, ки дар Эквадори дур кору зиндагӣ мекунад ва он ҷо тиҷорати худро ба роҳ монда, барои 30 кишвари ҷаҳон гули садбарг парвариш менамояд, бо ифтихор сухан гуфтанд.

Саид ТОЛИБОВ кист? Суратгузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа АКБАР дар ин хусус.  

Саид Толибови 34-солаи тоҷикистонӣ ду сол пеш ба Эквадор кӯч баста, дар он ҷо тиҷорати худро дар бахши гулпарварӣ ба роҳ монд.

Ба гуфтаи Толибов,  иқлими Эквадор, ки барои парвариши гул мусоид мебошад, ба ӯ хеле писанд аст.

Тайи чанд сол ӯ тавонист майдони парвариши гули садбаргро аз 10 гектар ба 40 гектар расонад. Гулҳои парваришкардаи ӯ ба 30 кишвари дунё интиқол меёбанд.

Толибов тасмим дорад, ки гулҳои парваришкардаашро ба Тоҷикистон низ интиқол диҳад ва пайи амалии ин тасмими хеш мебошад.

«Масофаи байни Эквадор ва Тоҷикистон ниҳоят дур аст ва ин бешак ба нархи гулҳо таъсири худро мерасонад. Вале ба ҳар ҳол барои дар шаҳри Душанбе ба фурӯш мондани гулҳои садбарги худ шарики тиҷоратӣ меҷӯям», — мегӯяд Саид Толибов

Дар ширкати ӯ, ки «iRose» ном дорад, 300 нафар сокинони маҳаллӣ ва 8 нафар тоҷикон кор мекунанд. Маоши ҳадди ақал дар ин ҷо тақрибан 400 доллари ИМА буда, он ҳамасола 10 доллар зиёд мешавад. Нархи як дона гули садбарг дар худи парваришгоҳ 35-36 сент буда, дар мағозаҳои фурӯши гули давлатҳои гуногун он бамаротиб зиёд мешавад.

Соҳибкори тоҷик Толибов мегӯяд, ки Ватанро пазмон мешавад ва кӯшиш мекунад, ки ҳар ду сол як маротиба аз Тоҷикистон дидан намояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Эквадор дар Амрикои Ҷанубӣ дар соҳили Уқёнуси Ором ҷойгир буда, масоҳаташ 283,5 километри мураббаъ ва аҳолиаш беш аз 17 миллион нафар мебошад. Пойтахти Эквадор шаҳри Кито буда, он асосан бо гулҳои садбарг, ҷангалҳои Амазон, кӯҳҳои Анду ҷазираҳои Галапагос ва олами вуҳушаш миёни сайёҳону хориҷиён маъруф мебошад.

АКСҲО аз саҳифаи С. Толибов дар шабакаи иҷтимоии Facebook.

 

Октябрь 4, 2019 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон