Рӯзномаи британии «The Guardian» дарвозабони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасановро ба шастгонаи футболбозони боистеъдоди ҷаҳон дохил кард

Октябрь 11, 2019 09:21

ДУШАНБЕ, 11.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи британии «The Guardian» дарвозабони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва дастаи футболи «Парвоз» Муҳриддин Ҳасановро ба шастгонаи футболбозони боистеъдоди соли таваллудашон 2002 дохил кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.

«The Guardian», аз ҷумла,  менависад: «Дарвозабони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасанов барои ба финали Чемпионати Осиё-2018 миёни 16-солаҳо баромадани дастаи Тоҷикистон ситораи гардид. Муҳриддин Ҳасанов дар баргардонидани ҷаримаҳои 11-метра (пеналтӣ) дар бозиҳо бар муқобили дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ маҳорат нишон дод. Ӯ мақсади ба Аврупо рафтан дорад ва дастаҳои Россия аллакай ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд».

Ба ин рӯйхат инчунин бозигарони дастаҳои футболи «Барселона»-и Испания Ансу Фати, «Интер»-и Италия Люсиен Агум, «ПСЖ»-и Франсия Адил Аушиш ва Нянзу Куасси, «Бавария»-и Германия Малик Тиллман, «Реал Мадрид»-и Испания Андри Лукас Гудёонсен, «Ювентус»-и Италия Пабло Морено ва «Бунёдкор»-и Ӯзбекистон Ҷасур Ҷалолиддинов шомиланд.

Октябрь 11, 2019 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд