Роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар кори Ассамблеяи генералии 24-уми Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ширкат дорад
ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 октябр дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар Ассамблеяи генералии XXIV Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) баргузор мегардад. Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, беш аз 1000 нафар намояндагони 204 кумитаи миллии олимпӣ, ташкилотҳои минтақавӣ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ташкилотҳои байналмилалии варзишӣ дар ҷаласаи дурӯза дар Давҳа муҳимтарин масъалаҳои соҳаи варзишро баррасӣ мекунанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур ноиби Президент Аҳтам Абдуллозода ва котиби генералӣ Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ мекунанд.
Дар ҷаласа ҳисоботи президенти ANOC, котиби генералӣ, комиссияи молиявӣ шунида шуда, доир ба масъалаҳои Бозиҳои олимпии Токио-2020, Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон – Лозанна-2020, аввалин Бозиҳои соҳилии ҷаҳон, ки 16 октябр дар Давҳа ба анҷом расиданд, Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон – Дакар-2022, Бозиҳои олимпии Париж-2024, Бозиҳои зимистонаи олимпии Милано/Картина-2026 масъулони кумитаҳои тадорукот гузориш медиҳанд.
Бояд зикр кард, ки дар доираи ҷаласа маросими ҷоизасупории ANOC низ дар назар аст.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






