Сафари кории Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 15 то 17 октябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон қарор дошт.
Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳову хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонии як зумра иншоот, ки дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷараён доранд, дар шаҳру навоҳии Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Шаҳритуз, Дӯстӣ ва Ҷайҳун шинос гардида, дар ифтитоҳи як зумра иншооти дигар иштирок намуд.
Ҳамчунин 17 октябр бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода натиҷаҳои фаъолияти вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли равон ҷамъбаст гардиданд.
Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру новоҳии вилоят сохтмони 7127 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 октябр дар 2941 адади онҳо корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Ин аз шумораи умумӣ 41,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар 9 моҳи соли равон 1778 иншоот ба истифода дода шудаанд.
Дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва ислоҳи бетаъхири камбудиҳои ҷойдошта дар вилоят ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






