Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Москва иштирок намуд

Октябрь 26, 2019 11:56

ДУШАНБЕ, 26.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазир Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москва иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни ҷаласа сарвазирони давлатҳои ИДМ оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкории иқтисодӣ табодули афкор намуда, роҳҳои минбаъдаи рушди ҳамкориро дар доираи ИДМ мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷаласа як зумра санадҳо, аз ҷумла Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи рушди рақамӣ дар ҷомеа ва Нақшаи чорабиниҳои афзалиятноки татбиқи он қабул карда шуд.

Сарони ҳукуматҳо ҳамчунин Стратегияи амнияти иттилоотиро барои давлатҳои аъзои ИДМ тасдиқ карданд.

Дар маҷмуъ, дар натиҷаи ҷаласа 13 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома дар бораи ҳамкорӣ оид ба таҳия ва истифодаи намунаҳои стандартии таркиб ва хосияти моддаҳо, қарорҳо оид ба маҷмӯи амалҳои муштараки давлатҳои аъзои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зукоми паранда ва бемории Нюкасл барои давраи то соли 2025, дар бораи самтҳои асосии фаъолияти мақомоти зиддиинҳисорӣ, дар бораи самтҳои асосии рушди радиои навигатсионии кишварҳои ИДМ барои солҳои 2019-2024, оид ба татбиқи барномаи байнидавлатии «Рекултиватсияи (эҳёи) қаламрави давлатҳо, ки зери таъсири истеҳсол ва коркарди уран монданд» дар соли 2018, дар солҳои 2020-2024 идома додани ҷустуҷӯи хизматчиёни ҳарбии дар ҷанги Афғонистон (солҳои 1979-1989) беному нишон шуда, ҷойҳои дафн, қабрҳо, муайян кардани ҷасадҳо ва ба хок супурдани онҳо дар Ватан, дар бораи Бозиҳои кишварҳои ИДМ, Протокол ба Созишномаи ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо аз 30 ноябри соли 2000 ба имзо расиданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ 29 майи соли 2020 дар шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд.

АКС ВКХ ҶТ

Октябрь 26, 2019 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон