Варзишгари тоҷик Абдураҳим Ёқубов чемпиони Осиё оид ба бокс гардид
ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 17 октябр дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба бокс дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он варзишгарони навраси тоҷик иштирок намуда, сазовори ду медал гардиданд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар чемпионати мазкур 239 нафар варзишгарон аз 26 давлати қора дар 26 категорияи вазнӣ – 13 вазн миёни писарон, 13 вазн миёни духтарон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 варзишгар – 10 писар, 1 духтар ба АМА сафарбар гардида, дар 11 вазн муҳориба карда, соҳиби як медали тилло ва як медали нуқра гардиданд.
Медали тиллоро Абдураҳим Ёқубов дар вазни 54 кг ба даст овард. Абдураҳим дар ду даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Кувайт ва Бутан, дар нимфинал бар намояндаи Эрон ва дар финал бар варзишгари Қазоқистон ғалаба карда, унвони чемпиони Осиё миёни наврасонро соҳиб гардид.
Хотиррасон менамоем, ки медали нуқраро дар ин мусобиқот Абубакр Муродов дар вазни 52кг сазовор гардид. Ӯ дар се даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Афғонистон, дар нимфинал бар намояндаи Ҳиндустон дастболо гардид, вале дар финал аз варзишгари Қазоқистон мағлуб шуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






