ВАЗЪИ АФҒОНИСТОН ВА ТАЪСИРИ ОН БА АМНИЯТИ МИНТАҚА. Мулоҳизаҳои мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2019 13:16

ДУШАНБЕ, 09.10.2019./АМИТ «Ховар»/. «Амнияту субот дар Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба вазъ дар Афғонистон вобаста аст», — бори дигар иброз доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 сентябр дар мусоҳиба бо хабарнигори шабакаи телевизионии «Ал-Ҷаазира»-и Қатар.    

Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳафтае нест, ки дар ин кишвари ҳамҷавори мо ҳодсаи мудҳиши террористӣ рӯй надиҳад. Чунин ҳолат зиёда аз чил сол боз идома дорад.  «Дар ин ҷо танҳо афғонҳо гунаҳгор нестанд, — гуфтанд Пешвои миллат. – Бадбахтии асосӣ дахолат ба корҳои Афғонистон аз берун аст».

Роҷеъ ба ин мавзӯъ ба мулоҳизаҳои мутахассиси пешбари Раёсати ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯзи РАМАЗОН таваҷҷуҳ намоед:

«Суботу оромии ҳамсоякишварамон — Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво
зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад,
ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад».

Эмомалӣ Раҳмон

ДАР АКС: Фирӯзи Рамазон

Бо раванди мураккаб гардидани фазои сиёсии ҷаҳони муосир ва низоъҳои дохилидавлатии баъзе кишварҳои дунё, амнияту суботи инсоният зери хатар мондааст. Дар натиҷаи бозиҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат ва маблағгузории гурӯҳҳои манфиатдор густариши ҷараёнҳои террористию экстремистӣ ҳануз ҳам идома дошта, дар як минтақа қисман нобуд мешавад ва дар минтақаи дигар сар мебарорад. Мусаллам аст, ки агар як мамлакат ноамн бошад, ҳатман таъсири манфии он ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа хоҳад расид. Аз ин ҷост , ки таҳдиду хатари терроризми байналмилалӣ дар замони муосир хусусияти фаромиллиро дошта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷумлаи он кишварҳост, ки алакай солҳои дароз ба майдони рақобати давлатҳои абарқудрат табдил ёфта, таваҷҷӯҳи оламиёнро ба худ кашидааст. Қариб рӯзе нест, ки расонаҳои хабарӣ оиди таркиш ё амали террористӣ дар қаламрави Афғонистон нагуфта бошанд. Афзоиши гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва нуфузу таъсири онҳо ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии Афғонистон, мушкилоти амниятии ин кишвар ва минтақаро дучанд кардааст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти расмӣ зиёда аз 21 гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз қабили “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҷундуллоҳ”, “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ”, “Ал–қоида”, Толибон, “Таҳрики Толибони Покистон”, “Сипоҳи саҳоба”, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқии Чин, “Сарбозони хилофат”–и Қазоқистон, ДОИШ ва ғайра дар қаламрави Афғонистон вуҷуд доранд, ки бевосита омили асосии бесуботии сиёсӣ дар ин кишвар ба шумор меравад.

Ҳузури ҷангиёни ба ном “давлати исломӣ” дар қаламрави Афғонистон нооромиро дар ин кишвар густариш дода, ба давлатҳои минтақа низ таҳдиди ҷиддӣ дорад. Бояд гуфт, ки интиқол ёфтани гурӯҳи террористӣ аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон таҳти нақша ва сарпарастии неруҳои хориҷӣ сурат гирифта, ҳадафашон на танҳо Афғонистон, балки ноором сохтани кишварҳои минтақа мебошад, зеро аксарияти ҷангиёни ДОИШ, ки дар Афғонистон ҳузур доранд, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар баробари ин, теъдоди зиёди ҷавонони Афғонистон низ ба сафи ин гурӯҳи террористӣ пайвастаанд ва шумораашон дар ҳоли зиёдшавӣ аст.

Бояд қайд кард, ки агар имрӯз бо гурӯҳи террористии ба ном “Давлати Исломӣ” дар Афғонистон муборизаи қатъӣ бурда нашавад ва густариши фаъолияти он пешгирӣ нагардад, эҳтимоли зиёд аст, ки дар ояндаи наздик ин гурӯҳи террористӣ ҷойгузини ҳаракати террористии “Толибон” дар Афғонистон хоҳад шуд. Чуноне, ки 25 сол пеш “Толибон” ҷойгузини гурӯҳи “муҷоҳидини афғон” шуда, вориди саҳнаи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистон гардиданд, ҳеҷ кас интизор набуд, ки баъди чанд сол он ба як гурӯҳи мусаллаҳи қавие табдил мешавад ва ҳудуди зиёдеро таҳти назорат мегирад. Аз ин хотир, хатари густариши гурӯҳҳои террористии ба ном “давлати исломӣ” низ дар Афғонистон аз эҳтимол дур нест.

Барқарор кардани сулҳу субот дар Афғонистон масъалаи актуалии байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият ҳамеша тарафдори сулҳи пойдор дар ҳамсоякишавари Афғонистон аст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ тамоми кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳониро ба он даъват менамоянд, ки нисбати қазияи Афғонистон бетараф набошанд ва ҳар чи бештар кӯмаку талошҳои худро барои истиқрори сулҳ дар ин кишвар равона созанд, зеро амнияти Афғонистон кафили суботи минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Аз ҷумла, Сарвари давлати Тоҷикистон зимни мусоҳибаи худ бо хабарнигори шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” 9-уми сентябри ҳамин сол чунин таъкид намуданд: «Мо чандин маротиба иброз  доштем, ки ҳаллу фасли қазияи Афғонистон танҳо роҳи низомӣ надорад. Роҳҳои дигари ҳалли қазияи Афғонистон вуҷуд доранд, аз ҷумла гуфтушунид, ки он бояд мавқеи калидӣ дошта бошад. Мо ҷонибдори он ҳастем, ки қазияи Афғонистон танҳо бо роҳи гуфтушунидҳо ҳаллу фасл карда шавад. Ва ақидаи ман ин аст, ки тақдири Афғонистон бояд дар дасти худи халқи Афғонистон бошад. Худи мардуми Афғонистон бояд тақдири худро ба даст гирад ва ояндаи худро муайян кунад».

Аз ин лиҳоз,  дар ҳалли қазияи Афғонистон ва ба ин васила таъмини амнияти минтақавӣ нақши ҳамкориҳои кишварҳо дар доираи созмонҳои ҷаҳонӣ ва  минтақавӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хеле бузург аст.

Нуқтаи муҳими дигаре, ки Пешвои миллат ба он таъкид мекунанд, ин аст, ки кишварҳои абарқудрат дар роҳи мубориза бо терроризму экстремизм бояд “сиёсати духураро” истифода накунанд. Махсусан омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии терроризми байналмилалӣ бояд аз байн бурда шаванд.

«Умуман, вазъи Афғонистон барои чӣ ин қадар солҳои тӯлонӣ ногувор аст? Дар ин ҷо танҳо афғонҳо гунаҳгор нестанд. Бадбахтии асосӣ дахолат ба корҳои Афғонистон аз берун аст. Барои ҳамин  чунин авзоъ то имрӯз идома дорад ва пагоҳ чӣ мешавад, касе пешгӯӣ карда наметавонад.  Мо  ба ҳайси  як кишваре, ки бо Афғонистон  бениҳоят марзи тӯлонӣ дорад, ҷонибдори тамоми кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳукумати Афғонистон  ҷиҳати ба роҳандозии музокирот ва бо таври гуфтушунид ҳаллу фасл намудани қазияи Афғонистон ҳастем», — зикр намуданд Пешвои миллат дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира».

Яъне, мавқеъи кишвари мо ин аст, ки мубориза бо терроризму экстремизм танҳо роҳи ҳалли  низомӣ надошта, барои ҳарчи зудтар ба сулҳ расидани Афғонистон, ба ҷанбаи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Густариши ҳамкориҳои судманди иқтисодию тиҷоратӣ бо давлатҳои ҳамсоя, яке аз омилҳои калидии таъмини рушди устувори иҷтимоии Афғонистон ба шумор меравад. Давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша дар фаъолияти амалии хеш барои таҳкими амнияти Афғонистон ва гузаштан ба зиндагии шоистаи мардуми азияткашидаи ин кишвари ба мо дӯсту бародар ҳамеша талош кардааст.Мардуми шарафманди Афғонистон аз ҷангу хунрезӣ хаста шудаанд ва ташнаи сулҳ ҳастанд. Албатта ягон халқият намехоҳад, ки дар кишвараш оташи ҷанг аланга занад.

Дар иртибот ба  гуфтушунидҳое, ки байни Толибон ва байни Амрико сурат гирифтанд, Сарвари давлати Тоҷикистон  иброз доштанд, ки  «хуб мешуд, агар дар ин раванд Ҳукумати Афғонистон фаъолтар ширкат намояд. Чунки ин Ҳукуматро мардум интихоб кардааст.  Дигар ин ки  ба ин раванд бояд ҳамсоякишварҳои Афғонистон  низ ҷалб карда шаванд».

Ба ақидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯшишҳое, ки то имрӯз ба харҷ дода шудаанд, як қадам ба сӯи сулҳу оромӣ мебошанд.  Пешвои миллат дар идомаи суҳбати худ гуфтанд: «Раванди сулҳ бисёр мураккаб аст ва ман ин нуктаро аз таърихи талхи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мегуям. Таҷрибаи раванди сулҳи тоҷиконро бояд меомӯхтанд, чунки қазияи Афғонистон бо он ҷанги шаҳрвандие, ки дар кишвари мо буд, бисёр ҳам монанд ва қариб тавъам аст. Мо ҷиҳати кумаку мусоидат ба мардуми Афғонистон ва кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя дар замони истиқлолият  кушишҳои зиёд ба харч дода истодаем ва боварии комил дорам ки он рӯз дур нест, ки сулҳу амонӣ дар ин кишвари ҳамсоя пойдор мегардад».

Бале, умед аст, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманду самарабахши минбаъдаи кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, Афғонистон дар наздиктарин фурсат ба сулҳ хоҳад расид ва суботи комилро ба даст хоҳад овард.

Октябрь 9, 2019 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид