Вазорати кишоварзӣ: дар нуҳ моҳ дар Тоҷикистон 161 ҳазору 722 тонна пахта истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 24.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд то 21 октябр 91 ҳазору 913 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба 71,2 фоизи нақша баробар аст.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, миёни 14 ноҳия имрӯз пахтакорони навоҳии Ашт 10 351 тонна, Бобоҷон Ғафуров 13 449 тонна, Ҷаббор Расулов 9551 тонна, Зафаробод 18 962 тонна, Конибодом 11783 тонна, Мастчоҳ 18441 тонна ва Спитамен 9331 тонна дурри гаронбаҳоро ба хирман супоридаанд.
Дар сегонаи навоҳии пешқадами маъракаи пахтачинӣ бо иҷрои 88,6 дарсади нақша шаҳри Конибодом, 74 дарсади нақша ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 73,9 дарсади нақша ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доранд.
Тибқи нақша имсол дар вилояти Суғд бояд қариб 130 000 тонна пахта истеҳсол гардад.
Аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки то 21 октябр 198 ҳазору 127 тонна пахта ба нуқтаҳои қабул супурда шудааст. Ин нишондиҳанда ба 72%-и дурнамои солона баробар аст.
Дар вилояти Хатлон аз 24 ноҳия 19 шаҳру ноҳияи он дорои хоҷагиҳои пахтакор мебошанд. Дар мавсими имсола дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт шуда, кишоварзони вилоят ният доранд, ки 275,2 ҳазор тонна пахта ҷамоварӣ намоянд.
Барои ҳавасманд гардонидани хоҷагиҳои кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ситоди вилоятии «Ҳосил-2019»ташкил гардидааст. Он ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахтаро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят давоми 15 рӯзи моҳ ҷамъбаст менамояд. Дар 15-рӯзаи ин моҳи октябр барои ба андозаи 2870,2 тонна супоридани пахта ва 34,57 фоиз таъмин намудани дурнамо ноҳияи Данғара сазовори ҷойи якум дониста шуд.
Ба ин муносибат ба раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти омории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуҳмоҳаи соли равон дар мамлакат 161 ҳазору 722 тонна пахта тонна истеҳсол шудааст.
Ҳоло дар пахтазори ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони ҷумҳурӣ барои беталаф ғундоштани ҳосили бо заҳмат рӯёнида аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода менамоянд.








Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд






