«Забон – моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол»- таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.10.2019./АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон – моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлатӣ соҳибистиқлол» ҳамоиш баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон ва 10-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда буд.
Дар ҷамъомад намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи забон ва истиҳот, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, инчунин донишҷуёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода иштирок намуданд.
Мутахассиси пешбари Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озар Баҳромзода иброз дошт, ки «яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ-ин забони миллат аст. Маҳз забони тоҷикӣ сабаби мавҷудияту бақои миллати тоҷик гардидааст. Ҳамчунин забони давлатии мо омили муҳими муоширати одамон ва пайванди риштаҳои дӯстию бародарии тамоми сокинони Тоҷикистон арзёбӣ шудааст, зеро Конститутсияи мамлакат танҳо ба забони тоҷикӣ ҳуқуқи забони давлатиро додааст».
Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз намуд, ки «дар замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ, ки як рукни бунёдии давлату миллат, илму фарҳанг мебошад, аз ҳар ҷиҳат рушд ёфта, ба забони коргузории давлатӣ табдил ёфтааст. Забони давлатӣ ҷавобгӯйи ниёзҳои замон буда, тамоми таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаро дар худ инъикос менамояд».
Ходими калони илмии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот» Меҳроб Ҷумъазода доир ба мавзӯи «Забон- муҳимтарин рукни матбуоти миллӣ» маърӯза намуд.
Зимни ҳамоиш донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар васфи Ватан, Пешвои миллат ва забони давлатӣ шеърҳо қироат намуданд.
Зикр гардид, ки ворисони забон бояд дар якҷоягӣ нигоҳдорандаи ин арзиши муқаддаси миллӣ бошанд.








«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид






