Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария
06.11.2019, Швейтсария Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон, Хонумҳо ва ҷанобон! Бо камоли эҳтиром ҳар яки шуморо хайрамақдам гуфта, барои иштирокатон дар чорабинии имрӯза изҳори сипос менамоям. Ҳамзамон сипоси ин ҷонибро ба созмондиҳандагони нишасти имрӯза барои фароҳам овардани шароити муносиби корӣ иброз медорам.