Маҳкам Маҳмудзода: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади тақдирсоз ва шиносномаи миллат аҳамияти таърихии худро тӯли садсолаҳо нигоҳ хоҳад дошт»

Ноябрь 6, 2019 09:39

ДУШАНБЕ, 06.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Чаҳоряк аср пеш, 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид.

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Дар ин бора академик Маҳкам МАҲМУДЗОДА чунин андеша меронад:

Ҳодисаҳои мураккаби сиёсии дар интиҳои қарни XX дар ҷаҳон  бамиёномада ба Тоҷикистон низ, ки нахустин қадамҳои худро дар самти касби истиқлол мегузошт, таъсири манфӣ расонид ва давлат  гирифтори  буҳрони шадид гардида, хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷикон ба миён омад.

Дар натиҷаи муноқишаҳои дохилӣ равандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву мафкуравӣ боздошта шуда, соҳаҳои истеҳсолӣ аз кор монданд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, беқонуниву беҳокимияти дар мамлакат ба миён омад.  Риоя нагардидани қонунҳо ҷомеаро ба ҳолати вазнину ногувор гирифтор намуд.

Дар чунин вазъияти мураккаб мақсади ягонаи роҳбарияти ҳамон­вақ­таи давлат ин аз вартаи нобудӣ раҳо сохтани миллати тоҷик ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ буд ва ҳамагон ба хубӣ дарк мекарданд, ки ҳалли ин масъалаи муҳим танҳо тавассути ташкили мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла интихоби конститутсионии роҳбари нави сиёсӣ ва ҳарчи зудтар даъват намудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки он тақдири минбадъаи давлату миллатро муайян намуд.

Дар иҷлосияи мазкур, ба вазъи душвори сиёсӣ нигоҳ накарда, қарор­ҳои тақдирсоз қабул гардиданд, бо масъулияти бузург тақдири минбаъдаи халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлол бар дӯши Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки якдилона аз ҷониби вакилони мардумӣ дар ин иҷлосияи таърихӣ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гар­диданд, гузошта шуд ва аз ин айём марҳилаи ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат оғоз гардид. Ва дар як муддати кӯтоҳ натиҷаҳои муфид ба бор овард.

Дар рафти кори иҷлосия, дар қатори ҳалли дигар масъалаҳо қо­нун­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон», «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992», «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнине, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳр­вандон, ҳуқуқи амволии онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқ­тисодию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд» ва чандин қо­нунҳои дигар қабул карда шуданд, ки ба пешрафти давлат мусоидат наму­данд.

Ҳамчунин бо мақсади хотима гузоштан ба низои дохилӣ, пешгирии аз байн рафтани асосҳои иқтисодию сиёсии давлат, пойдории сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои алоҳида ва ҳизбҳои сиёсӣ бо дарназардошти принсипи башардӯстӣ, дар Иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифат ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» ва дигар қарорҳои таърихӣ, дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул карда шуд.

Баъд аз баргузории иҷлосия 12 декабри соли 1992 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлати Тоҷикистон, бо Муроҷиатнома ба мардуми мамлакат, ки ҳамчун барномаи стратегиву ҳадафманд барои ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсии мамлакат ва рушди бонизоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нигаронида шуда буд, сухан гуфтанд.

Дар ин Муроҷиатнома, аз ҷумла зикр гардида буд, ки барои ҳар як давлати соҳибистиқлол масъалаҳои зерин ҳаётан муҳим мебошанд: нав кардани асосҳои қонунҳои Тоҷикистон, такмил додани онҳо бо дар­на­за­р­дошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, замина гузоштан барои бунёди дав­лати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд; таъсиси Артиши миллӣ, дифои сарҳади давлатӣ, ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани муно­си­батҳои дипломатӣ бо давлатҳои ҷаҳон.

Ҷиҳати амалӣ намудани қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи таърихӣ ва дар амал татбиқ кардани вазифаҳои дар Муроҷиатномаи Сарвари дав­лат ба мардуми мамлакат овардашуда, ки дар заминаи онҳо Тоҷикистон акнун ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид мегардид, дар мамлакат ислоҳоти конститутсионӣ бо суръат идома дода шуда, зару­рати ҳарчи зудтар қабул намудани Конститутсияи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон бо дарназардошти арзишҳои байналмилалӣ ба миён омад. Зеро қабули Конститутсияи нави кишвар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор рафта, пешрафти ҷомеа ва ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ дар заминаи маҳз Конститутсия имконпазир буданд.

Зарурат ва муҳимияти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дар бунёди давлатдории миллӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 де­кабри соли 1992, ки он вақт Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷи­кис­тонро бар уҳда доштанд, таъкид намуда, аз ҷумла дар Муроҷиат­нома иб­роз доштанд, ки «асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, он­ро бо дарназардошти меъёрҳои ҳукуқи байналмилалӣ такмил до­да, ба­рои бунёди давлати нав — давлати демократии ҳукуқбунёд замина гузоштан ло­зим аст».

Зикр кардан ба маврид аст, ки таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асл баъди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, ҳамчун натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он сурат гирифта буд.

Бояд зикр кард, ки ғояи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти стратегии инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон барои тамоми давлатҳои ҷаҳон эълон гардид. Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми кори ин Иҷлосияи таърихӣ мунтазам таъкид менамуданд, ки давлати Тоҷикистон ҷонибдори ҳамин ғояи таъри­хӣ мебошад. Аз ҷумла, дар «Изҳорот» аз таърихи 31 декабри соли 1992 таъкид намуданд: «Мо чандин маротиба гуфтаем ва боз такроран мегӯем, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешакардаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад».

Ғояи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҳадафи стратегии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон гардид, дер­тар дар лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикос гардид.

Дар Иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкил намудани комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардида, ба таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия суръати тоза бахшида шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи олии яке аз гаронба­ҳо­тарин арзишҳои умумибашарӣ – озодии инсон мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш таҳти унвони «Роҳи раҳоӣ аз буҳрони азими ҳамагонӣ» 19 марти соли 1993 таъкид намуда буданд: «Набояд фаромӯш кард, ки озодии инсон нахустзаминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд аст. Маҳз озодии инсон шаклу мазмуни соҳибихтиёрии миллӣ ва давлатиро муайян мекунад ва давлатҳо ҳамон вақт пешқадам қаламдод мешаванд, ки ба озодии инсон мадад расонанд».

Ҳайати комиссия таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он вақт Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистонро бар уҳда доштанд, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат барои ҳарчи зудтар таҳия намудани Конститутсия ва дар он ба инобат гирифтани арзишҳои пазируфтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили муҳимтарин принсипҳои демократӣ ва кафолати таъ­ми­ни амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар як муддати начан­дон тӯлони корҳои назаррасро анҷом доданд.

Конститутсия ҳуҷҷати барномавии сиёсӣ буда, ҳадафҳои стратегӣ до­рад ва асосҳои бунёдии ҳаёти ҷомеа ва давлатро муайян мекунад. Ин хусу­сияти муҳими конститутсия аз он вобастагӣ дорад, ки он то чӣ андоза ҷавобгӯи талаботи ҳар як марҳилаи нави таърихӣ мебошад. Яке аз ҳадаф­ҳои муҳими қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон ба талаботи замона ва пеш аз ҳама, ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқ гардонидани меъёрҳои конститутсионӣ маҳсуб мешуд. Ба ин масъала Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус медоданд ва дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид ба он намуда буданд, ки «як қатор бахшҳои муҳими Қонуни Асосии ҷумҳурӣ ва дигар қонунҳое, ки дар заминаи онҳо таҳия гардидаанд, кӯҳна шудаанд ва ба меъёрҳои ҳу­қуқи байналмилалӣ рост намеоянд. Аз ин рӯ, имрӯз барои мо вазифаи аз ҳа­ма муҳим- ин тайёр намудан ва қабул кардани Қонуни Асосии кишва­ра­мон мебошад».

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузориши худ 30 сентябри соли 1993 дар иҷлосияи 48-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин иброз доштанд, ки «ҳоло дар Тоҷикистон кор аз болои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав идома дорад, ки дар он ҳамаи масъалаҳои ба таъмини ҳуқуқҳои инкорнашавандаи инсон дахлдор ба эъ­тибор гирифта мешавад».

Яъне зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсия таваҷҷуҳи роҳбарияти сиё­сии мамлакат, пеш ҳама, дар мадди назар гирифтани меъёрҳое буд, ки таво­нанд дар вазъи мураккаби ҷумҳурӣ манфиатҳои миллии ҷомеаи навини Тоҷикистонро дар худ инъикос намуда, истиқлолияти давлатиро ҳукми конститутсионӣ бахшад, якпорчагӣ ва тамомияти арзии мамлакатро инъикос намояд ва дар қатори дигар масъалаҳои муҳим ҳамчунин барои ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ва субъекти комилҳуқуқ ворид гардидани Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Тамоми ҷаласаҳои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия дар мадди назар ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳар як таклифу пешниҳодҳои воридшуда аз нуктаи назариявӣ ва амалии татбиқи он, ҷавобгӯ будани он ба манфиатҳои миллӣ, таъмини амалишавии ҳуқуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрии воқеӣ ва пешрафти ҷомеа мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешуд. Сарвари давлат як қатор хусусиятҳои аввалиндараҷаи Конститутсияи нави Тоҷикистонро муайян намуда, пешниҳодҳои муфидро манзур карданд, ки онҳо аз тарафи Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи корӣ ба асос гирифта шуданд, аз ҷумла се ақидаи асосӣ ва аввалиндараҷа, ки асоси фаъолияти Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кории он мегарданд:

Якум, «Қонуни Асосӣ моҳиятан ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад. Дар айни замон Қонуни асосӣ умдатарин санади сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳан­гию ахлоқӣ буда, бурду бохти кишварро дар зимни рушди миллӣ ва ҳам идеалҳои ҷомеаро инъикос мекунад».

Дуюм, «Конститутсия ҳуҷҷати ҳуқиқиест, ки иштироки бевоситаи мардумро дар интихоб кардани шакли ҳокимияти сиёсӣ, таъсис додану рӯйи кор овардани мақомоти олии давлатӣ ва ҳам масъулияти онро дар назди халқ ба чаҳорчӯбаи қонун медарорад».

Сеюм, «Қонуни асосоӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро низ муайян намуда, доираи татбиқи онро танзим мекунад».

Илова бар ин, махсус таъкид мегардад, ки масъалаҳои зикршуда бояд бо дарназардошти шароити мушаххаси иқтисодӣ, иҷтимоию сиёсӣ, мил­лию мазҳабӣ ва фарҳангии давлатамон дар Конститутсияи нав сабт ша­ванд. Дар марҳилаи кунунии таҳаввули ҷамъиятамон бароямон вазифаи асосӣ ва муҳим барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

Андешаи қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар­назардошти шароити мушаххаси иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангии кишвари мо аҳамияти муҳимми фарҳангӣ дошт. Ин андеша собит мена­мояд, ки конститутсияи ҳар як давлат хусусияти миллӣ дошта, якум, бо дарназардошти шароити маҳаллӣ қабул мешавад;  дуюм, барои ифода ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунад;  сеюм, барои амалӣ гардидани меъёрҳои конститутсионӣ дар шаро­и­ти мушаххаси таърихӣ кумак мекунад.

Дар арафаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун консепсияи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Ин консепсияи давлати тозабунёди Тоҷикистон бо дарназардошти шароити мушаххаси иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии ҷомеаи мо пешкаш шуда, дар айни замон сохтмони давлати миллии демократии ҳуқуқбунёд ва дунявиро дар шароити Тоҷикистон дар назар дорад. Консепсияи давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ, ки то ба имрӯз амалӣ мешавад, аз як тараф, арзишҳои умумипазируфтаи ҷоме­аи ҷаҳонро пурра инъикос мекунад, аз тарафи дигар, шакли ифодаи манфи­атҳои миллиямон мебошад.

Якҷоя бо консепсияи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчунин консепсияи давлати иҷтимоӣ пешкаш мешавад. Таҷрибаи конститутсионии ҷаҳонӣ собит менамояд, ки давлати ҳуқуқбунёди демократӣ дар айни замон моҳияти иҷтимоӣ дорад ва дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ талош меварзад. Аз ин хотир, дар конститутсияҳои давлатҳои демократӣ ғояи давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ одатан дар бахши аввали конститутсияҳо сабт мешавад. Бо дарназардошти ҳамин таҷрибаи ҷаҳонӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунанд: «Мақомоти давлатӣ умедвор аст, ки консепсияи чунин давлат, ки онро мо идеали иҷтимоиямон медонем, дар бахшҳои аввали Конститутсияи нави Тоҷикистон ҷой хоҳад гирифт».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи омода намудани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намуда буданд, ки ҳуқуқҳои инсон бояд яке аз бахшҳои муҳими Конститутсияи навамон гардад. Сарвари давлатамон таъкид ба он доштанд, ки ҳуқуқҳои инсон масъалаи муҳим буда, «ҳоло дар маркази диққати ҷаҳониён, мах­сусан афкори умумии кишварҳои мутамаддин ва мутараққии дунё қарор дорад». Бо дарназардошти ҳамин нуктаи басо муҳим Сарвари давлат муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон таъкид мекунанд, ки ҳифзи ҳуқуқҳои инсон «… яке аз рукнҳои муҳими Қонуни Асосии Тоҷикистонро ташкил хоҳад кард».

Ҳамзамон вобастагии ҳуқуқҳои инсон ва масъулиятшиносии инсон таъкид мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ком­иссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кории онро ба чунин нуктаи муҳим ҷалб мекунанд, ки ҳар як инсон дар баробари доштани ҳуқуқҳояш дар айни замон дар назди ҷомеа ва давлат ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бояд дошта бошад. Тавре Сарвари давлатамон таъкид мекунанд: «Ҳуқуқи зис­тан, озодона фаъолият кардан (аз ҷумла фаъолияти сиёсӣ ва эҷодӣ), баро­бар будани ҳамагон дар назди қонун ва масъулиятшиносии иҷтимоии ҳар фард – ин ҳама нуктаҳое ҳастанд, ки дар Конститутсияи аксари давлатҳои ҷаҳон сабт шудаанд».

Амалӣ гардидани ҳуқуқҳои инсон аз шароити мушаххаси таърихии ҳар як кишвар, анъанаҳои миллию фарҳангии он вобастагӣ дорад. Ин нукта дар даҳсолаҳои охир, махсусан бо таъсири ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла во­рид гардидани фарҳанги ба мо «бегонаи» ҳуқуқҳои инсон бештар зоҳир ме­ша­вад. Ҳамин раванди амалӣ гардидани ҳуқуқҳои инсонро дар иртибот бо омилҳои фарҳангӣ ҳанӯз дар давраи омода намудани лоиҳаи Консти­тут­сияи Тоҷикистон дарк ва пешбинӣ намуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъкид намуда буданд: «Гап фақат дар сари татбиқи амалии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандҳост, ки вобаста ба шароити мушах­хаси ҷомеаҳои инсонӣ, суннатҳои таърихию маънавии кишвар, сатҳи руш­ди фарҳанги сиёсии мардум сурат мегирад».

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла гуногунии сиёсӣ сабт мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала чунин нуктаи басо муҳимро таъкид намуда буданд: «Табиист, ки давлати тозабунёди тоҷикон, агар он аз қатори давлатҳои му­тараққӣ ва мутамаддин ҷой гирифтанӣ бошад, бояд аз арзишҳои умуми­ба­шарӣ пуштибонӣ кунад. Гуногунандешии сиёсӣ аз ҷумлаи чунин арзиш­ҳост, ки мо онро қабул дорем».

Зимни таҳияи Конститутсия дигар масъалаи муҳим, ки аз ҷониби Сарвари давлат ҳамеша пайгирӣ карда мешавад, ин тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои он, фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои Конститутсия ба аҳолии кишвар ва дарки афзалияти он дар фазои ҳуқуқии мамлакат аз ҷониби ҳама­гон мебошад. Ҷиҳати тарғибу ташвиқи меъёрҳои лоиҳаи Конститутсия бо ташаббуси Сарвари давлат корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, аз ҷумла аз ҷониби банда, бо ҷалби ҳуқуқшиносон, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ, мутахассисони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ зиёда аз панҷоҳ барномаи телевизионӣ доир намуда, барои фаҳмондадиҳии ҳар як меъёри моддаи Конститутсия ба аҳолии мамлакат кӯшиш ба харҷ медодем.

Дар маҷмӯъ аз ҷониби аҳолӣ ба лоиҳаи Конститутсия, ки ба муҳокимаи умум пешниҳод гардида буд, зиёда аз ҳаштуним ҳазор таклифу дархостҳо пешниҳод гардида, онҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Тавре дар маърӯзаи Сарвари давлат дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1994 қайд мешавад: «Дар тӯли зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа бештар аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон ба Шӯрои Олӣ ворид шуд». Вобаста ба ин Сарвари давлат лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистонро халқӣ номида, аз ҷумла иброз доштанд, ки «онро кулли ҳамватанони мо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва берун аз он мавриди муҳокима қарор дода, такмилу пурра карданд».

Бо дарки муҳимияти масъалаи он, ки принсипҳои конститутсионӣ бояд дар фаҳмиши инсон маърифати баланди ҳуқуқиро оид ба эҳтиром гу­зоштан ба Конститутсия ба миён орад, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳияи Конститутсия ҳамеша ба масъалаҳои дар матни он ба таври дақиқ инъикос ёфтани функсияҳои худи Конститутсия, аз қабили функсияҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва инсондӯстӣ аҳамияти хосса зоҳир мекарданд.

Зеро назария ва амлияи татбиқи Конститутсия собит сохтааст, ки тан­ҳо бо амалишавии функсияҳои номбурдаи Конститутсия ҳадафҳои аслии он ба воқеият мубаддал гарданд.

Баъд аз муҳокимаи умумии лоиҳаи Конститутсия, ки моҳҳои апрел ва июни соли 1994 гузаронида шуда, дар натиҷа аксари шаҳрвандони кишвар лоиҳаи онро дастгирӣ намуда, омодагии хешро оид ба гузаронидани исло­ҳоти конститутсионӣ ва ҳарчи зудтар қабул намудани Конститутсияро из­ҳор доштанд.

Дар ҳамин радиф дар асоси изҳори сиёсии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он 28 декабри соли 1993 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили дастгирӣ гардида буд, 20 июли соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид».

Аз ҷумла дар моддаи 1 ин қонун, ки мақоми Қонуни консти­тут­си­ониро соҳиб гардида буд, пешбинӣ гардида буд, ки лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Комиссияи таҳияи лоиҳаи нави Конс­титутсия бо дарназардошти натиҷаи муҳокимаи мардумӣ омода гардида­аст, маъқул дониста шуда, ба муҳокимаи умумихалқӣ (референдум) пешни­ҳод карда шавад.

Ҳамин тавр баъд аз муҳокимаҳои тӯлонӣ Комиссияи конститутсионӣ бо дарки масъулияти таърихии хеш, таҳлили аслии воқеият лоиаи Конс­ти­тусияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба райъпурсии умумихалқӣ тавсия намуд.

Бояд зикр кард, ки дар ҳамон замон ҷонибдороне низ буданд, ки мехостанд Конститутсияи нав на ин ки тавассути раъйпурсӣ аз ҷониби халқ, балки аз ҷониби Шӯрои Олӣ қабул карда шавад.

Вале Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар он, ки ин аввалин Конститутсияи Тоҷикистон соҳибистиқлол буда, дар он пеш аз ҳама, манфиатҳои миллӣ ва андешаи сокинони мамлакат ба инобат гирифта шудааст, ҷонибдори он буданд, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистон танҳо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирад ва мардуми мамлакат мустақилона ояндаи давлату ҷомеаро интихоб намояд.

Бинобар ин, бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуда, ин ташаббуси нек, аз ҷум­ла дар Барномаи пешазинтихоботии Ҷаноби Олӣ ба мансаби Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 1994 изҳор карда мешавад. Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати сарнавиштсоз — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ чунин буд, ки 87% иштироккунандагон лоиҳаро дастгирӣ намуданд.

Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи нав дар таърихи давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии То­ҷикистон ҳуҷҷати тақдирсоз ва сарнавишти таърихи нави тоҷикон буда, ба марҳилаи нави таърихии гузариш ба давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷо­меаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ гузошт. Аз ин хотир, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон чун санади тақдирсоз ва шиносномаи миллат аҳамияти таърихии худро дар тӯли садсолаҳо нигоҳ хоҳад дошт. Тавре дар Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XXI Шӯрои Олӣ таъкид мешавад: «Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва зуҳуроти ягонагии миллату давлатамон абадӣ боқӣ хоҳанд монд».

Бо қабули Конститусияи давлати навини Тоҷикистон танзими муно­сибатҳои ҷамъиятӣ оид ба раванди ҳуқуқэҷодкунӣ, тартиби таҳия, қабул ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии онҳо аз масъалаҳое буданд, ки бояд дар шароити нави эъмори давлати ҳуқуқбунёд мушаххас муайян карда мешуданд.

Бинобар ин, Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1995 Қарор «Дар бораи Нақшаи ташкили кор ҷиҳати мутобиқгар­до­нии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститусияи Ҷумҳурии То­ҷикистон» қабул намуд, ки мутобиқи он бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми нави ҳуқуқӣ мутобиқ гардонида шавад. Тибқи Нақшаи номбурда қабули 18 қонуни конститусионӣ, 9 кодекс, 26 қонун ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 81 қонунҳои амалкунанда пешбинӣ шуда буд. Қонунҳои конститутсионӣ дар бораи Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, судҳо, шаҳрвандӣ, раъй­пур­сӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кодексҳои ҷиноятӣ, иҷрои ҷа­зои ҷиноятӣ, гражданӣ, замин, оила, манзил, меҳнат, андоз, гумрук, қо­нунҳо дар бораи забони давлатӣ, ветеранҳо, муроҷиатҳои шаҳрвандон, танзими анъана ва ҷашну маросим, дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар бораи сарҳади давлатӣ ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд, ки вобаста ба мазмун ва моҳияти худ барои та­шак­кули муносибатҳои нав ба нав ва танзими воқеии онҳо мусоидат намуданд.

Ҳамзамон амалӣ гардидани ҳадафҳо, нуктаҳои бунёдӣ ва меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гарави таъмини соҳибистиқлолӣ ва рушди ҷомеа маҳсуб мешаванд, аз фаъолияти пурсамар ва саъю кӯшиши мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо вобастагӣ дорад. Дар Маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 апрели соли 1995 таъкид мешавад: «Акнун ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи худро дар он мебинам, ки кафолатҳои дар Конститутсия эъ­лоншуда ба шиори хушку холӣ табдил наёбанд, балки моҳияти воқеӣ пайдо кунанд ва дар амал татбиқ шаванд».

Дар Конститутсия ғояҳои пешқадами миллӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва таҷзияи ҳокимияти дав­латӣ, таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунан­де­шии сиёсиву идеологӣ таҷассуми худро пайдо намуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Қонуни асосии кишвар, ки таҳти роҳба­рии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи басо мураккабу қисматсоз ва пурпечутобу ҳассоси рӯзҳои аввали ташаккули давлатдории миллиамон қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ наму­дани ҳадафҳои неки миллати куҳанбунёдамон, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта, дигаргунии куллиро дар ҳаёти ҷомеа ба миён оварда, самти та­шаккули иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷамъиятиву сиёсии давлатро муайян на­муд.

Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихии гузариш аз ҷомеаи собиқ сотсиалистӣ ба давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта, барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа, бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гу­зошта, дар заминаи он рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуд.

Бешубҳа қабули Конститутсия дастоварди бузурги халқ дар роҳи дав-латсозиву давлатдории навин маҳсуб ёфта, он дар як вақт барои пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон нақши созгор дорад ва дар заминаи он сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ баланд гардид.

Хусусияти муҳимми Конститутсия дар он аст, ки аз як тараф Қонуни асосии давлат ва аз тарафи дигар Қонуни асосии ҷомеа мебошад, ки ин ба мақоми халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва барандаи моҳияти иҷтимоии ҷомеа такя менамояд.

Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сатҳи олӣ давлати моро бо тамоми хусусиятҳои ҷаҳониаш таъсис дода, муста­қи­лияти давлатро бо ҳама унсурҳояш, аз қабили ҳудуд, соҳибихтиёрӣ дар ҳалли масъалаҳои дохили давлатӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, шаҳрвандӣ, қонунгузории мустақил, асъори миллӣ, қувваҳои мусаллаҳ ва ғайра мустаҳкам намуда, муносибати мутақобилаи давлат ва мақомоти давлатиро бо ҷомеа ва ниҳодҳои он ба вуҷуд овард.

Дар он асосҳои пешрафти давлати муосир, кафолати ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, таҷзияи ҳокимият, гуно­гун­­ан­дешии сиёсию мафкуравӣ, демократияи намояндагӣ, бисёрҳизбӣ, озо­дии эътиқод, сухан, матбуот, гуногуншаклии моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, ки нишондиҳандаи мавҷудияти низоми демокра­тии сиёсиву иҷтимоӣ мебошанд, муайян гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии хеш ба муносибати Рӯзи Конститутсия 5 ноябри соли 2002 изҳор намуданд: «Аҳамияти таърихии ин санади асосии меъёрию ҳуқуқӣ, ки сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст, ниҳоят бузург аст. Аввалан, он дар шароите таҳия ва ба муҳокимаи умум гузошта шуда буд, ки гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ҳанӯз барои амалӣ гардидани ҳадафҳои худ вобаста ба сохтори давлатдорӣ та­лош доштанд. Сониян, бо дарназардошти иродаи аксарияти мардуми киш­вар мураттаб ва қабул гардидани Конститутсия ба нофаҳмиҳо ва саволҳои сершумори онҳое, ки ба ояндаи Тоҷикистон чандон эътимод надоштанд, ҷавоби амиқ дод.

Роҳи интихобкардаи мо, яъне эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мувофиқи иродаи кулли мардум мебошад. Ба шарофати сиёсати пешгирифтаамон дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати комил таъмин гардид, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи онҳо қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар суханрониву баромадҳои хеш ба Конс­ти­тутсияи Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ва таъмини волияти он аҳамияти махсус зоҳир намуда, аз ҷумла дар паёми табрикотии хеш ба муносибати 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳиммияти он ибрози андеша намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки «Бисту чор соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст».

Дар маҷмӯъ гуфтан мумкин аст, ки Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро муайян намуда, му­носибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озо­диҳои инсон ва шаҳрвандро танзим намуда, дар таърихи начандон тӯлонии худ барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои пазируфташудаи инсонӣ ба монанди риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини шароити мусоид барои зиндагии арзандаи ҳар шахс фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳо эътироф шуд.

Ин санади олии ҳуқуқӣ ҳамчунин асосҳои сохтори ҷамъиятӣ, ба мо­нанди иқтисодӣ, дунявиву маънавӣ ва шахсиро муқаррар менамояд ва би­но­бар ин на танҳо давлат, инчунин ниҳод ва падидаҳои он низ аз муқар­ра­роти ҳуқуқӣ ва ғояҳои Конститутсия бархурдор буда, аз онҳо ба таври ва­сеъ истифода менамоянд.

Дар заминаи Конститутсия дар Тоҷикистон ислоҳоти ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми талаботи объективии рушди ҷомеа идома ёфта, нахустин санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба ташаккулёбии рукнҳои давлатдорӣ, фаъол намудан ва таҳкими сохтори ҳокимияти дав­ла­тӣ ба тасвиб расида, мақоми нави ҳокимияти давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ҷомеа таъсис дода шуд.

Конститутсия халқро ба сифати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, асосу зербинои ҳуқуқиро ба сифати кафолати танзими солими муносибатҳои ҷамъиятӣ муқаррар на­муд ва барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст ба низом даровардани меъёрҳои қо­нун ва тартибу усули ҳуқуқии амалигардонии қонунҳо замина ба вуҷуд овард.

Қонуни асосии кишвар инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати арзи­ши олӣ эътироф карда, дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсонро эълон намуда, давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озо­диҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.

Ҳанӯз дар раванди таҳияи лоиҳаи Конститутсия Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини амалишавии меъёрҳои Конститутсия ва таъмини волоияти он ҷонибдори дар Тоҷикистон таъсис додани мақомоти мустақили назорати конститутсионӣ — Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, бори аввал дар таърихи давлатдории Тоҷикистон, ба Консти­тут­сия моддаи алоҳида бахшида ба Суди конститутсионӣ, сохтор ва фаъоли­я­ти он ворид карда шуд.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси байнал­милалӣ ба муносибати 20-солагии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон 17 сентябри соли 2015 иброз доштанд: «…ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия андешаҳое низ садо медоданд, ки ҷонибдорони онҳо таъсис, мавҷудият ва фаъолияти мақомоти назорати конститутсиониро дар низоми ҳокимияти давлатӣ, хусусан ҳокимияти судӣ амри воқеӣ ҳисоб намекар­данд ва онро асоснок намешумориданд. Аммо таваҷҷуҳи ман ҳамчун Роҳбари давлат ба таъсис ва мавҷудияти мақоми махсусгардонидашудаи назо­ра­ти конститутсионӣ дар мамлакат ҷиддӣ буд, ки он сабабҳои объективии худро дошт. Чунончи, бесарусомонии дар мамлакат солҳои 1990-1992 бамиёномада, аз ҷумла беэътиноӣ ба Конститутсияи амалкунанда ва танҳо дар давоми як сол, яъне соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон даҳ маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо, ғайриконсти­тутсионӣ барканор кардани ду Президент ва панҷ Ҳукумат, ки оқибат мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд, шахсан барои ман сабақи таърихӣ буд. Бинобар ин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мақоми назорати конститутсионӣ дар шакли махсусгардонидашуда — Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардид ва санадҳои қабулнамудаи он қатъӣ эътироф карда шуданд».

Аз ҷониби Президенти кишвар аз рӯзҳои аввали таъсиси Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккул ва таҳкими фаъолияти ин мақомоти назорати конститутсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда ме­шавад.

Бо мақсади ташаккули минбаъдаи мақомоти назорати конститут­си­о­нӣ дар кишвар ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шуданд. Тибқи ин тағйиру иловаҳо салоҳияти Суди конс­ти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ва доираи субъектҳои муроҷиат ба он васеъ гардид. Аз ҷумла, ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ имкониятҳои васеъ пешбинӣ гардид, ки вобаста ба масъалаҳои дахлдор ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд. Бо даровардани тағйиру иловаҳо шумораи арзу шикоят ва пешниҳоду дархостҳои мақомот ва шаҳрвандон ба Суди конститутсионӣ рӯ ба афзоиш ниҳод.

Бо ташаббуси Сарвари давлат дар таҳрири нав қабул гардидани Қо-нуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳодати амалишавии минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идомаи мантиқии амалишавии принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимият дар Тоҷикистон, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва табдил додани ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ ба механизми эътимодноки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ва дигар субъектҳои ҳуқуқ арзёбӣ мегардад.

Дар даврони истиқлоли миллӣ бо супориши Президенти мамлакат чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардид ва барномаи охир имрӯз дар раванди амалишавӣ қарор дорад. Ин барномаҳо барои ташаккули мақомоти назорати конститутсионӣ ва дар маҷмӯъ низоми судии кишвар мусоидат намуданд. Бо ташаббуси Президенти кишвар мунтазам такмил ёфтани заминаи ҳуқуқии фаъолияти Суди конститутсионӣ ба он мусоидат кард, ки дар муддати кӯтоҳи фаъолияти худ ин мақомот барои таҳкими қонунияти конститутсионӣ дар кишвар, таъмини волоияти қонун ва тақви­яти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода, роҳу усулҳои самарабахши ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷӣ муайян намуд.

Қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурати таъсиси низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатиро ба миён овард. Сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташаккул ёфта, ислоҳоти идораи давлатӣ оғоз гардид, ки он то ҳол идома ёфта истодааст.

Дар ин раванад механизми ҳамкории ҳокимияти қонунбарор ва иҷро­ия такмил дода шуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳал­лии ҳокимияти давлатӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни муҳокимаи қарорҳои қабулшаванда ва татбиқи онҳо таъмин гардида, барои густариши ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳалли проблемаҳои ҳаё­ти кишварамон мусоидат намуд.

Дар асоси Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқу­қии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ чораҳои муас­сир андешида шуда, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

Ҳамчунин, бо мақсади баланд бародоштани маърифати ҳуқуқии аҳо­лӣ соли 2009 аз ҷониби олимону мутахассисони варзидаи кишвар таф­сири илмиву оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуда, дастраси хонандагон гардонида шуд ва имрӯз аз он шаҳр­ван­дони зиёди кишвар мутолиа намуда, дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ онро истифода мебаранд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дорои нишона ва хусу-сиятҳое мебошад, ки онҳо барои эъмори давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд замина гузошта, дар илми муосири ҳуқуқ ҷузи таркибии қо­нун­ҳои сатҳи олӣ эътироф гардидаанд.

Ин санади олӣ манфиатҳои миллии мардуми бошарафи Тоҷикистон­ро дар худ таҷассум намуда, аз конститутсияҳои қаблӣ, ки дар таърихи ни­зо­ми идоракунии давраҳои мухталифи кишварамон солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 қабул гардиданд тафовути куллӣ дорад.

Якум ва  пеш аз ҳама, тафовути муҳим аз конститутсияҳои қабли дар он аст, ки ин аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки тибқи он орзуву омоли гузаштагони мо, ки солҳои тӯлони мустақилияти комил ва рамзҳои давлати миллиро интизор буданд, ҷомаи амал пӯшид. Зеро барои расидан ба истиқлоли комил халқи мо роҳи тӯлонии таърихиро паси сар намуда, ба роҳи ин фазоили шукуҳманди таърихӣ бо чашми умед нигарон буд ва имрӯз ҳодисаҳое, ки дар ҷаҳони мутамаддин рух дода ис­то­даанд, шаҳодати онанд, ки дар ин масири таърих вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як халқу миллати худшинос ин ҳамаҷониба эмин нигоҳ доштани пади­даи муқаддас ба ном истиқлол мебошад.

Дуюм ин, ки ин санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ аввалин ҳуҷҷати сатҳи олии кишвар мебошад, ки на аз номи халқ балки аз ҷониби худи халқи дорои фарҳанги маънавии бостонӣ бо дарки масъулияти баланду ди­ди тоза ва бо умеди бунёди ҷомеаи адолатпарвар тавассути баргузории раъйпурсӣ эълон ва қабул гардидааст ва ин ифодаи орзую ормонҳои мардумӣ дар муқаддимаи Конститутсия мустаҳкам гардидаанд.

Сеюм, дар Конститутсия давлати демокративу дунявӣ ва ягона бу­да­ни Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, дар заминаи он принсипҳои демократӣ ба монандӣ эътирофи халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, иштироки бемамониати ҳар шахс дар идоракунии давлат, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ ва дигар падидаҳои нодири демократӣ таҷассуми худро пайдо намудаанд.

Чорум, бори аввал дар сатҳи Конститутсия эътироф шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ имкон дод, ки арзишҳои миллию фарҳан­гии миллати тоҷик эмин нигоҳ дошта шуда, ба эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар ин замина забони тоҷикӣ дар кишвар рушд ёфта, Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» дар таҳрири нав қабул карда шуда, вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва истифодаи онро дар кишвар танзим намуда, дар як вақт мақоми махсуси ваколатдор дар ин соҳа Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Панҷум, дар Қонуни асосии мамлакат меъёри муҳим, яъне арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ мустаҳкам карда шудааст, ки ин меъёри умумипазируфташудаи ҷомеаи башарӣ ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки имрӯз таърихи зиёда аз ҳафтод сола дорад, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ такя мекунад.

Дар ҳамин ҷо бояд зикр намуд, ки дар Конститутсия ҳамзамон меъёрҳое инъикоси худро пайдо намудаанд, ки ҳанӯз зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл дар Эъломияи Куруши Кабир дарҷ ёфта буданд, аз қабили ҳуқуқ ба озодии виҷдон. Дар ин замина имрӯз дар Конститутсия (мод. 5) ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эътироф шуда, муқаррар гардидааст, ки ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд (мод. 26), ки меъёри мазкур ифодакунандаи мо-ҳияти демократии давлат буда, шароити мусоидро барои инкишофи озодо-наи инсон фароҳам меорад.

Шашум, дар Конститутсия аввалин маротиба шакли идораи ҷумҳурии Президентӣ якдилона пешбинӣ карда шуд ва интихоби ин шакли идо­ракунӣ дар тӯли даврони соҳибистиқлолии мамлакат борҳо собит сохт, ки он ҷавобгӯи мақсаду мароми халқи кишвар буда, пешбаранда ва ташаккулдиҳандаи ғояву ақидаҳои миллӣ ва ҳифзкунандаи арзишҳову дастовардҳои мардумӣ мебошад. Назария ва амалияи илми муосири ҳуқуқи конститутсионӣ шаҳодати он аст, ки шакли идораи ҷумҳурии Президентӣ хоси сохтори давлати ягона буда, ба шарофати интихоби чунин шакли идораку­нӣ давлат дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фар­ҳангӣ ва идеологӣ ба пешравиҳо ноил гардида, метавонад соҳибихтиёрии комили худро дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ дар ҳар давру замон муаррифӣ ва ҳимоя намояд.

Ҳафтум, дар сатҳи Конститутсия амалӣ гардидани ҳокимияти давла­тӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқар­рар карда шуда, ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимитяи давлатӣ дар асоси принсипи боздорӣ ва мувозинат, мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёфта, ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон хизмат намоянд.

Ҳаштум, тибқи Конститутсияи мамлакат асоси иқтисодиёти Тоҷикис­тон­ро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъ­олияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шакл­ҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Тибқи меъё­ри Конститутсияи қаблии соли 1978 (мод.10) бошад, асоси системаи иқти­со­дии давлатро танҳо моликияти сотсиалистӣ дар шакли моликияти дав­ла­тӣ ва колхозиву кооперативӣ ташкил медод ва кафолати дигар шаклҳои мо­ли­кият, аз ҷумла моликияти хусусӣ ба фаромӯши рафта буд.

Дар шароити муосир бинобар дар сатҳи Конститутсия мустаҳкам гардидани эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, хусусан моликияти хусусӣ ва кафолати фаъолияти озоди соҳибкорӣ барои ташаккули муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ дар асоси рақобати озод, ҷалби шаҳрвандон ба фаъо­лияти соҳибкории инфиродӣ ва тавассути таъсиси шахсони ҳуқуқӣ, озо­дона бастани шартнома ва ворид шудан ба муомилоти гражданӣ бо такя ба принсипҳои мустақилият ва баробарӣ имкон дод, ки иқтисодиёти кишвар ба маротиб афзуда, сатҳи некӯаҳолии мардум бо тадриҷ боло гардад.

Нуҳум, тибқи Конститутсия аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар парламенти думаҷлисаи доимамалкунандаи касбӣ таъсис ёфта, барои рушду инкишофи ҳам андешаи парламентризми миллии мо ва ҳам амалияи демократии давлату давлатдориамон мусоидат намуд.

Таъсиси парламенти думаҷлиса Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон барои эҷод ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа зами­наи боэътимод гузошт ва ҳамагон шоҳиди онем, ки раванди қонун­эъҷод­кунӣ аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар бо ма­ром амалӣ мегарад. Имрӯз дар кишвар ҳабдаҳ қонуни конститутсионӣ, зиёда аз сесаду панҷову ҳафт қонун ва бисту ду кодекси ҷавобгӯ ба замони муосир, ки муносибатҳои мухталифи ҷамъиятиро ба танзим дароварда, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро танзим менамоянд, амал намуда, дар партави Конститутсияи кишвар заминаи бо­эътмоди ҳуқуқии давлати миллии мо мебошанд.

Даҳум, дигар падидаи нав, ки дар Конститутсия инъикоси худро пайдо намудааст, ин дар воҳидҳои марзиву маъмурии кишвар ба монанди шаҳраку деҳот кафолати мавҷуд будани мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мебошад. Ниҳоди мазкур, яке аз нишондиҳандаи муҳимми демократияи муосир дар мамлакат маҳсуб меёбад, ки аз ҷониби худи аҳолии маҳал бо назардошти манфиатҳои умумиҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои маҳаллӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фар­ҳангии аҳамияти маҳаллидошта таъсис ёфта, робитаи наздики давлатро бо аҳолӣ таъмин менамояд.

Дар Конститутсияи мамлакат инчунин дигар падидаҳое мавҷуданд, ки бори аввал бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҷомеаи Тоҷикистон, бо умеди ояндаи неку дурахшони миллати тоҷик инъикоси худро пайдо намуданд, ки онҳо дар як вақт исботи намунаи беҳтарин конститутсияҳо будани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз аз қабули Конститутсия 25 соли таърихӣ сипарӣ мегардад, ки дар ин айёми начандон тӯлонӣ меъёрҳои волои ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявиву ягона равона гардида, барои амалишавии ҳадафҳои неку созанда дар роҳи давлату давлатдории навин мусоидат кард ва дар шароити муосир ҳар яки мо бояд фаъолияти худро бобати амалишавии меъёрҳои он равона созем.

Маҳкам МАҲМУДЗОДА,
академик, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 6, 2019 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода