Ҳайати Тоҷикистон дар 50-умин Конфронси ҷаҳонии солимии шуш иштирок дорад

Ноябрь 1, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 01.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон дар 50-умин Конфронси ҷаҳонии солимии шуш, ки дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон доир шуда истодааст, иштирок дорад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ба ҳайати Тоҷикистон директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил Аслиддин Раҷабзода, директори маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибихонум  Дарвешзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» Фируз Шарипов ва дигарон шомил мебошанд.

Гуфта мешавад, ки дар он табибону коршиносони созмону ташкилотҳое, ки дар самти мубориза алайҳи бемориҳои шуш, аз ҷумла сил фаъолият менамоянд, иштирок ва табодули таҷриба мекунанд.

«Инчунин роҳбарияти созмонҳои мухталифи ҷаҳонии дар ин ҷода фаъолиятдошта, ки дар конфронс иштирок доранд, лоиҳаҳои минбаъдаро барои мубориза  бо бемориҳои шуш, аз ҷумла сил пешниҳод менамоянд», — афзуд манбаъ.

Дар конфронс ваксинаи нави пешгирӣ аз бемориҳои сил муаррифӣ гардидааст, ки таҳаввулоти ҷадидеро дар бахши силшиносӣ ба вуҷуд хоҳад овард.

Шӯрои байналмилалии мубориза бо бемории сил, ки ташкилкунандаи конфронси мазкур мебошад, 140 давлати дунёро фаро гирифта, мақсад дорад то соли 2025 сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳои шуш, аз ҷумла силро дар ҷаҳон, махсусан дар Ҳиндустон коҳиш диҳад.

Ёдовар мешавем, ки 50-умин Конфронси ҷаҳонии солимии шуш 30 октябр оғоз гардида, то 2 ноябр идома меёбад.

Ноябрь 1, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид