Ҷаласаи навбатии сайёри раисони парлумони давлатҳои узви СААД дар Душанбе баргузор мешавад

Ноябрь 7, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 07.11.2019./АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии сайёри раисони парлумони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус зимни ҷаласаи  сайёри  навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии СААД, ки 5 ноябр дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор гардид, қарори дахлдор қабул шуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласаи  сайёри  навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии СААД ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров иштирок намуд.

«Баргузории ҷаласаи мазкур далели равшани ҳамкорӣ миёни давлатҳои аъзои СААД буда, ғояи асосии онро муттаҳидӣ ва якдигарфаҳмӣ ташкил медиҳад»,- зикр намуд Шукурҷон Зуҳуров.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи мазкур раисони парлумонҳои давлатҳои узви созмон масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд.

Раиси кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Россия оид ба мудофиа  Владимир Шаманов оид ба натиҷаҳои кори ҷаласаи сайёри муштараки ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Комиссияи доимии ин Созмон оид ба мудофиа ва амният, ки 28 октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, сухан карда, ба ҷониби Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд муҳайё намудани шароити мусоид изҳори минатдорӣ кард.

Иштирокчиёни масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро баррасӣ ва оид ба онҳо қарори дахлдор  қабул намуданд.

Ноябрь 7, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад