Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ доир мегарданд

Ноябрь 5, 2019 09:02

ДУШАНБЕ, 05.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор менамояд.

Тавре дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар баробари мусобиқаҳои варзишӣ, инчунин ҳамоишҳои  гуногуни маърифатӣ-фарҳангӣ ва оммавӣ ба роҳ монда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуда, марҳилаи аввал ва дуюми баргузории он дар сатҳи шаҳру ноҳия, вилоят ва минтақаҳои мамлакат бо доираи васеи ҷавонону наврасон ва варзишгарон бомаром идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, дзюдо, самбо, юнону румӣ, гӯштини миллӣ, таэквондо, каратэ – до, футбол, тенниси рӯйи миз ва ғайраҳо доир карда мешаванд.

Ноябрь 5, 2019 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд