Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Тоҷикобод роҳпаймоӣ гузаронида шуд

Ноябрь 16, 2019 11:42

ТОҶИКОБОД, 16.11.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   роҳпаймоӣ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомадҳои бошукӯҳ  зиёда аз 1000 ҳазор нафар сокинон бо шумули кормандони идораву муассисаҳо, собиқадорони меҳнат ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуда, бо парчамҳои хурду бузург, аксҳои Пешвои миллат ва қаҳрамонони Тоҷикистон масофаи 2  километр  роҳро тай намуданд.

Дар ин  ҳамоиши идона  масъулин, омӯзгорон, аҳли адабу фарҳанг ва ҷавонону масъулини ҳукумати ноҳия оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории  тоҷикон, саҳми Президент дар сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ифтихор аз арзишҳои миллати куҳанбунёд ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ сухан гуфта, садоқати бепоёни худро ба Пешвои муаззами миллат изҳор карданд. Ҳозирин таҳти шиорҳои «Пайравони Пешвои миллатем!» ва «Пешвои миллат- ҳомии сулҳ!» шеърҳо қироат намуданд. Овозхонону мутрибони дастаҳои ҳунарии ин ноҳия табъи ҳозиринро бо суруду оҳангҳои дилнишин шод гардониданд.

Зикр шуд, ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун тамоми ҷумҳурӣ дар ноҳияи дурдаст ва кўҳистони Тоҷикобод корҳоеро ба анҷом расонидааст, ки бисту ҳашт сол пеш касе бовар намекард. Сокинони ноҳияи Тоҷикобод дар ҷавоб ба ғамхориҳои беназири Пешвои муаззами миллат бо номи Эмомалӣ Раҳмон ифтихор менамоянд, сиёсати Президентро аз сидқи дил амалӣ месозанд. Донаи умед мекоранд, ҳосил меғундоранд, ниҳол шинонда боғ бунёд мекунанд, фарзандони шоистаи давру замонро тарбия карда, ба воя мерасонанд, роҳу кўчаву хона сохта, диёри худро дар Тоҷикистон машҳур месозанд.

Муҳаббати Пешвои миллат дар дили мардум маскан гирифта, бо хуни онҳо омезиш ёфтааст. Дигар касе ин муҳаббатро аз синаи сокинони ноҳияи Тоҷикобод  берун карда наметавонад.

Ноябрь 16, 2019 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд