Бахтиёр Ҳамдамов раиси нави Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 30.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Шӯрои ВАО доир гардид. Дар он Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ» (нашрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон) раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
БахтиёрҲамдамов, адабиётшинос ва рӯзноманигор, номзади илмҳои филология 2-юми январи соли 1968 дар деҳаи Сӯфи-Орифи шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст.
Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро хатм карда, солҳои 1987-1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ адои хидмат намудааст.
Аз соли 1992 то соли 1993 ба ҳайси сармутахассиси Бунёди забони тоҷикӣ фаълоият дошт. Солҳои 1993 — 1996 дар аспирантураи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳсил карда, соли 1997 дар мавзӯи «Падидаҳои маънавӣ ва ҳунарӣ дар ашъори Бедил» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Солҳои 1997 — 2002 ба ҳайси устоди кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи тоҷики ДДХ, сармутахассиси Идораи кор бо ҷавонони вилояти Суғд, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҳамзамон мухбири махсуси ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» фаъолият кардааст.
Солҳои 2002-2006 Б. Ҳамдамов дар вазифаи сармутахассиси Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ҳамоҳангсози Комиссияи миллии Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, солҳои 2006-2008 дар вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2008 инҷониб ба ҳайси сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ» ифои вазифа мекунад.
Бо медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Муаллифи силсилаи мақолаҳо ва китобҳои илмиву публисистӣ мебошад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Шоҳи қуллаҳо» — филми мустанад дар мавзуи ҳифзи бабри барфӣ сазовори ҷоиза гардид
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад
Дар Тоҷикистон «Маҷмааи бостонии Бибихонум» таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ду барномаи нави соҳаи фарҳанг қабул гардид
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад






