Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон силсилакитобҳоро таҳти унвони «30-солагии Истиқлолият» рӯнамоӣ карданд
ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии силсилакитобҳо таҳти унвони “30-солагии Истиқлолият”, ки иборат аз 30 номгӯй адабиёти тозанашр буд, баргузор гардид.
Зимни муаррифии китобҳо Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ҳозиринро бо нашри китобҳо табрик гуфта, аз ҷумла зикр кард, ки солҳои охир нашри китоб дар ҷумҳуриамон хеле афзудааст.
Ба таъкиди академик, китобҳо бояд бо теъдоди зиёд нашр шаванд, то ба дасти ҳамаи хонандагон расанд ва маърифати аҳолиро баланд бардоранд.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аснои суханронии худ дар ҷамъомад тазаккур дод, ки чанде пештар дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” иштирок доштааст. “Ман борҳо дар деҳоту минтақаҳои дурдасти мамлакат будам ва дар ин навоҳии дурдаст як камбудӣ ба чашм мерсад, ки он дастрас набудани китобҳои хонданӣ аст”.
Ӯ таъкид кард, ки адабиёти 100 соли ахири мамлакат барои муҳим буданаш бояд бо теъдоди зиёд нашр шавад.
“Муҳим ин аст, ки китобҳо бояд ба тамоми гӯшаҳои дурдасти мамлакат расанд. Зеро ҳоло ҳам “аниси кунҷи танҳоӣ” “китоб аст, на телефон”.
Низом Қосим ёдрас кард, ки Иттифоқи нависандагон ҳамеша барои табъу нашри китобҳо ҷиҳати расонидани кумак барои таҳриру тасҳеҳ омода аст.
Шоири шинохтаи тоҷик Гулназар Келдӣ ҳам китобхониву китобчопкуниро нишонаи хушбахтии миллат арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ки “омода намудану гаштаву баргашта бо тавзеҳоту шарҳҳо нашр намудани китобҳо вазифаи муқаддаси инсонии мост. Зеро бо ин роҳ мо метавонем насли ҷавонро китобхону китобдӯст гардонем”.
Силсилакитобҳо таҳти унвони “30-солагии Истиқлолият” 8 роман, 42 достон, 5 повест, 2 очерк, 296 ҳикоя, 5 мақолаи публитсистӣ, 12 эссе ва зиёда аз 4300 шеъру ғазалро дар бар гирифтаанд.
Бояд зикр кард, ки силсилаи китобҳоро
Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудаанд.
Умед ЛОИҚЗОДА,
АМИТ «Ховар»










Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






