Дар Боку ҷаласаи XXIV Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ ва нашри китоби кишварҳои ИДМ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 20.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи XXIV Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва умури ноширии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Имсол раёсати Шӯрои мазкурро Ҷумҳурии Озарбойҷон ба уҳда дорад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи мазкур Тоҷикистонро директори «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Бӯризода намояндагӣ менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки Қурбоналӣ Бӯризода соли равон вазифаи ҳамраисии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва умури ноширии кишварҳои узви ИДМ-ро ба уҳда дорад.
Дар ҷаласа намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар кори он як зумра масоили ҳалталаби табъу нашри ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Аз ҷумла, диққати асосӣ ба масъалаҳои марбут ба иҷрои чорабиниҳое, ки дар Соли китоб (2019) дар кишварҳои ИДМ ба нақша гирифта шуда буд; оид ба натиҷаи Озмуни XVI байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ ва омодагӣ ба баргузории Озмуни навбатии XVI; оид ба озмуни муассисаҳои китобфурӯшӣ дар кишварҳои узви ИДМ; иҷрои Протокол оид ба вориднамоии тағйирот дар Созишномаи бунёди Шӯрои байнидавлатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви ИДМ равона мешавад.
Ҳамчунин иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXIII Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви ИДМ (Душанбе, 28 ноябр 2018), вазъи иҷрои қарори Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод аз 16 октябр 2019, «Дар бораи фаъолияти Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеи китоб ва умури полиграфӣ», оид ба резолютсияи Форуми XVI зиёиёни (эҷодию илмии) кишварҳои узви ИДМ аз 16 майи 2019, интихоби раиси Шӯро барои соли 2020, муайян ва тасдиқи вақт ва ҷойи баргузории Шӯрои навбатӣ, натиҷаи фаъолияти мақомотҳои соҳавии ҳамкории ИДМ, дар бораи вазъи имрӯзаи савдои китоб дар ИДМ ва кишварҳои дигари Иттиҳод, дар бораи резолютсияи Ассамблеяи хониш дар Иттиҳод аз 18 сентябр 2019 ва ғайра мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.
Муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои аъзои ИДМ, масоили бунёдии ҳамкорӣ дар самти матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури ноширии кишварҳои аъзои ИДМ, коркарди лоиҳаи ҳусни тафоҳум байни кишварҳои ИДМ, омодасозӣ ва интихоби лоиҳаҳо бахшида ба самтҳои муҳими самтҳои табъу нашр ҳамеша дар мадди назари намояндагони кишварҳои узви ИДМ, иштирокдорони Ҷаласаи XXIV Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви ИДМ қарор хоҳад дошт.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа мақоми раисии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви ИДМ ба ҷумҳурии дигари кишвари узви ИДМ дода шавад. Ҳамзамон иштироки намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Шӯрои навбатӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи XXIII Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви ИДМ 28 ноябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.
Баъди анҷоми кори ҷаласа намояндагони кишварҳои ИДМ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон боздид мекунанд.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






