Дар бозори «Корвон плюс»-и шаҳри Душанбе машқи шабонаи тактикию оташнишонӣ — амалиёти махсуси «Сӯхтор» гузаронида шуд

Ноябрь 1, 2019 09:09

ДУШАНБЕ, 01.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Cоати 00:03-и шаби 31 октябр  дар бозори «Корвон плюс»-и шаҳри Душанбе аз ҷониби  Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон машқи шабонаи тактикию оташнишонӣ — амалиёти махсуси «Сӯхтор» гузаронида шуд. Ба он  ҷузъу томҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ,  роҳбарият, ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои он, РБДА, Раёсати тиббии ВКД ва дигар раёсатҳои мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, аз ҷумла, кормандони шабакаҳои барқ, ёрии таъҷилии тиббӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корезии шаҳри Душанбе», масъулин ва дружинаи идоравии оташнишонию муҳофизони бозори мазкур сафарбар гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати  корҳои дохилӣ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар амалиёти муштарак 634 нафар кормандони хадамоту мақомоти дахлдор, 47 адад воситаҳои нақлиёти сӯхторхомӯшкунию ёрирасон ва дигар техникаву таҷҳизоти  зарурӣ ҷалбу истифода бурда шуданд.

Тибқи нақшаи амалиёти махсуси «Сӯхтор» гӯё дар даромадгоҳи 3-юми бозори «Корвон плюс» дар масоҳати 1200 метри мураббаъ сӯхтор рух дода, бинобар сабаби вазъи номусоидии обу ҳаво ва вазидани шамоли сахт, таҳдиди паҳншавии алангаи оташ ба дигар қисматҳои бозор ба миён омадааст. Бо назардошти вазъияти мураккаби ба амаломада, роҳбарии амалиёти рафъи ҳодисаи шартиро сардори Сарраёсати мазкур, генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода бевосита ба зиммаи худ гирифт.

Бо таъсис додани Ситоди оташнишонӣ, фавран  муайян намудани самтҳои асосии ҳалкунанда дар сӯхтор ва дуруст сафарбар намудани тамоми қувва ва воситаҳо ба 6 минтақаҳои муҳорибавӣ, 12 бахши  хизматбарӣ, 15 нуқтаҳои назоратӣ-гузаргоҳӣ, 28 минтақаю ҷойҳои хизматбарӣ ва 2 хатсайрҳои пайраҳадории БДА, ки аз ҷиҳати интихоби мавқеъ барои дар кӯтоҳтарин фурсат хомӯш намудани сӯхтор, ҳифзи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти молу мулки соҳибкорону савдогарон дар ҷойи ҳодисаи шартӣ самаранок ва ба мувофиқ буданд, ба иштирокчиёни амалиёт имкон дод, ки алангаи оташро дар ҳамаи самтҳо сари вақт пешгирӣ намуда, сӯхтори шартиро бе паҳншавӣ  ба зудӣ  хомӯш намоянд.

Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин машқҳои муштарак дараҷаи олии тайёрии тактикии ҳайати роҳбарикунандаву шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҳолати омодабошии масъулону кормандони дигар хадамоту мақомоти дахлдор, инчунин воситаи муҳими ноил шудан ба сатҳи баланди тайёрии муҳорибавӣ ҷиҳати рафъи ҳолатҳои сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои фавқулода маҳсуб мешавад.

Бинобар ин, ба масъалаи тайёрии тактикии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баҳри такмили ихтисос ва сайқал додани донишу малакаи касбии кормандон мунтазам машғулиятҳои назариявию амалӣ ба роҳ мондаанд.

 

Ноябрь 1, 2019 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид