Дар Душанбе Форуми панҷуми миллӣ оид ба волоияти қонун доир гардид

Ноябрь 1, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 01.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили  25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми панҷуми миллӣ оид ба  волоияти қонун баргузор гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони Форуми миллӣ буда, дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои хориҷӣ, коршиносони мустақил ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи Форуми панҷуми миллӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустам Шоҳмурод  зикр кард, ки Форуми панҷуми миллӣ оид ба волоияти қонун ягона пойгоҳе мебошад, ки ҳамаи ҳуқуқшиносони мамлакатро барои муайян намудани афзалиятҳо ва таҳияи пешниҳодҳо барои мусоидат намудан ба волоияти қонун ва дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид месозад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи Форуми миллӣ муайян намудани мушкилоте, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба ва муҳокимаи озод ва инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххаси пешниҳодҳо бо мақсади беҳтар намудани волоияти қонун дар Тоҷикистон ва минбаъд таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун мебошад.

Дар Форуми миллӣ масоили вобаста ба Конститутсия, таҳаввулоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, хусусиятҳои татбиқи муқаррароти асосии Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021, рушди қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ: мушкилот ва дурнамо, татбиқи Ҳадафи 16 рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ва нақши он дар амалигардонии ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ ва такмили қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбитраж ва воситаҳои муосири алтернативии ҳалли баҳсҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки Форуми панҷуми миллӣ дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019,  тасдиқ гардидааст,  гузаронида шуд.

 

 

 

Ноябрь 1, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон