Дар Исфара ансамбли мардумии «Фалак» таъсис ёфт

Ноябрь 17, 2019 09:32

ДУШАНБЕ, 17.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми аҳли фарҳанг ва дастгирии Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода дар назди Қасри фарҳанги шаҳр ансамбли мардумии «Фалак» таъсис дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара.

Гуфта мешавад, ки ҳайати ансамбл барномаи нахустини консертии худро дар раванди тантанаи идонаи мардуми фарҳангии Исфара ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури тамошобинон намуд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан, ки дар ин маҳфили зебои идона ширкат дошт, ҳамзамон бо ҳунарнамоӣ дар назди ҳозирин ба ҳунару маҳорати сарояндагии фалаксароёни Исфара баҳои баланд дод.

Зикр намудан бамаврид аст, ки Фалак – мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Дар суруди Фалак, асосан, рубоӣ ва ё дубайтие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад.

Аз рӯи анъана Фалакро бо ҳамовозии созҳои мусиқии дутор (думбура), ғижак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ, бо ҳамсадоии дафу таблак иҷро мекунанд. Андозаи мусиқии фалакӣ бештар панҷ ҳаштякӣ (5/8), чор чорякӣ (4/4), ҳафт ҳаштякӣ (7/8), шаш ҳаштякӣ (6/8) ва ду чорякӣ (2/4) мебошанд.

Жанри мусиқии Фалак ба ғайр аз Тоҷикистон, инчунин дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон низ  маъмул аст.

Албатта замина, таърихи пайдоиш ва таркиби Фалак ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ Фалакро ба навъҳои даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ (бадахшонӣ) ва кӯҳистонӣ ҷудо мекунанд.

Фалак – жанри озод буда, ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои хоси Фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд.

Дар замони мо низ Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушду нумӯи жанри мусиқии Фалак ғамхории зиёд зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси Сарвари давлат  16 ноябри соли 2001 ба ансамбли Фалак мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло он дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 ҳар сол 10-уми октябр ҳамчун «Рӯзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад ва ин чорабинии фарҳангӣ бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад.

ДАР АКСҲО: лаҳзаҳо аз ҳунарнамоии нахустини ансамбли мардумии «Фалак» — и шаҳри Исфара ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Ноябрь 17, 2019 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир мешавад
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст
Нашриёти «Орван» китоби «Ҳазор марворид»-ро ба нашр расонид
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон маротибаи аввал озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад